Қутбнамои ҷомеа

Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Ин санади таърихӣ — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам омили муҳимми муттаҳидкунанда, ҳимоякунандаи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо мебошад.

Конститутсияи Тоҷикистон тақдирсоз буда, ҳамаи паҳлуҳои ҳаёт ва фаъолияти инсон, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар бар мегирад ва роҳи рушду пешрафти давлати тоҷиконро барои садсолаҳо муайян кардааст.

Маҳз қабули Конститутсия ба ислоҳоти судӣ дар мамлакат замина гузошта, ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид ва дар ин замина бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ таъсис дода шуданд.

Дар муҳокима ва қабули он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст. Сарвари давлат дар мавриди Конститутсияи мо чунин гуфтаанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».

Дар тӯли ин солҳо Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад ва тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Он барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид.

Ин хуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардидааст.

Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба воситаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст.

Бинобар ин, моро мебояд, ки ба Конститутсияи кишварамон ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷ гузорем ва меъёрҳои онро, ки барои рушду суботи кишвар равона шудааст, риоя кунем.

МАЛИКЗОДА Н.Ғ.,
Судяи суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд