ТАЪИНОТ ОИД БА ОШКОРО СУПОРИДАНИ ДАЪВАТИ СУДӢ ВА ҲУҶҶАТҲОИ ЗАМИМАШУДА

Судяи суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд Маликзода Н.Ғ., дар таърихи 28-уми июли соли 2023 дар бинои ҳамин суд маводи парвандаи оилавиро бо даъвои Ашурова (Набиева) Мухлисахонро нисбати Ашуров Хайриддин Бурҳонович бо талабот дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан ба манзили истиқоматиро мавриди омӯзиш қарор дода —

М У А Й Я Н К А Р Д:

Ашурова (Набиева) Мухлисахонро нисбати Ашуров Хайриддин Бурҳонович бо талабот дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан ба манзили истиқоматӣ, бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш намудааст, ки даъвои ӯ қонеъ карда шавад ва ӯ бо ҳамроҳии ду нафар фарзандонаш аъзои оилаи молик Ашуров Хайриддин Бурҳонович эътироф карда шуда, ба манзили истиқоматии воқеъ дар шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Чоркуҳ, кӯчаи Гузари Поён, хонаи берақам таҳти литери 2-1/ДС бо ҳамроҳии ду нафар фарзандонаш бо истифодаи иншоотҳои ёрирасон маскун карда шаванд.

Ҳангоми гузаронидани амалиётҳо вобаста ба омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ, супоридани даъватномаи судӣ ва аризаи даъвогӣ бо ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба Ашуров Хайриддин Бурҳонович муайян карда шуд, ки номбурда айни замон дар Федератсияи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтааст, ки ҷойи зисташ номаълум буда, айни ҳол дар манзили истиқоматии дар аризаи даъвогӣ нишондодашуда истиқомат намекардааст. Аз ин хотир супоридани аризаи даъвогӣ бо замимаҳояш, инчунин даъватномаи судӣ ба ҷавобгар Ашуров Хайриддин Бурҳонович муяссар нагардидааст.

Мувофиқи талаботи моддаи 121 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарномаи судӣ, ки кабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзил ё мақомоти худидоракунии маҳалли ҷойи охирини истиқомати ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.

Зимнан, судя ҳолатҳои дар боло овардашударо ба инобат гирифта, мувофиқи мақсад донист, ки аз сабаби номаълум будани маҳалли вокеъии зисти ҷавобгар Ашуров Хайриддин Бурҳонович ба ошкоро супоридани даъватномаи судӣ, аризаи даъвогӣ ва хуҷҷатхои ба он замимашуда таъинот кабул намояд.

Бо дастрасии моддаи 121 Кодекси мурофиави граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя —

Т А Ъ И Н К А Р Д:

Ба ҷавобгар Ашуров Хайриддин Бурҳонович супоридани даъвати судӣ бо ҳуҷҷатҳои замимашуда оид ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Ашурова (Набиева) Мухлисахонро нисбати Ашуров Хайриддин Бурҳонович бо талабот дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан ба манзили истиқоматӣ ошкоро эълон карда шавад.

Ба даъватномаи судӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима мегардад: нусхаи аризаи даъвогӣ, бо ҳуҷҷатҳои замимашудааш дар ҳаҷми нуҳ саҳифа.

Нусхаи таъинот аз рӯзи қабул шуданаш дар ҷойи эълонҳои судӣ насб ва дар сомонаи расмии суд нашр карда шавад ва пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи насб ва нашр шуданаш ба ҷавобгар Ашуров Хайриддин Бурҳонович ошкоро супоридашуда эътироф гардад.

Дар сурати баъд аз гузаштани як моҳ аз рӯзи дар ҷойи эълонҳо насб ва дар сомонаи суд нашр шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба суд ҳозир нашудани ҷавобгар Ашуров Хайриддин Бурҳонович парвандаи оилавӣ бо даъвои Ашурова (Набиева) Мухлисахонро нисбати Ашуров Хайриддин Бурҳонович бо талабот дар бораи аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан ба манзили истиқоматӣ дар ғоибии ӯ баррасӣ карда шавад.

Баррасии парванда ба муддати як моҳ, яъне то санаи 28-уми августи соли 2023 мавқуф гузошта шавад.

Баррасии парванда ба рузи 28-уми августи соли 2023 соати 15:30 таъин карда шавад.

Аз рӯзи баррасии парванда даъвогар ба таври дахлдор огоҳонида шавад.

 

Судяи суди шаҳри
Исфараи вилояти Суғд                                         имзо                                              Маликзода Н.Ғ.