РАМЗИ МУҲАББАТ

Оре, гиромидошти Рӯзи Президент рамзи муҳаббат ба Ватан маҳсуб мешавад. Бовар ва эътимод  ба ҷавонон, ки дар саргаҳи он Пешвои муаззами миллат қарор доранд, ҳар як ҷавони баору номуси кишварро вазифадор месозад, ки бо шукргузорӣ аз имрӯзи дурахшон ва пур аз шукуфтанҳову пешравиҳо, ба қадри истиқлолият, ваҳдат ва сулҳу суботи комил бирасад, зиракии сиёсиро аз даст надода, парчамбардори ҳақиқии Ватани азиз ва пайравони  асили Пешвои миллат бошад.

Истиқлолият ва арзишҳои миллии давлат дар таърихи давлатдорӣ бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ шуда, дар зеҳну тафаккури одамон ҳамчун воситаи асосии дарёфти озодӣ ва таъмини ҳуқуқу уҳдадориҳо пазируфта мешаванд. Соҳибихтиёрию истиқлолият пас аз эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайдо шудани давлати  нави тоҷикон дар харитаи сиёсии ҷаҳон мушкилоти зиёдро вобаста ба ташаккули ҳувияти нав ва худшиносии миллӣ ба вуҷуд овард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сиёсати давлатии ҷавононро амалӣ намуд. Аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13-уми марти соли 1992 сурат гирифт, далели ин гуфтаҳо мебошад.

Дар марҳилаҳои минтақавии минбаъдаи рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатӣ дар ин бахш қабули қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, консепсияву стратегияҳои давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои миллат бо ҷавонон, роҳандозии степендияҳои президентӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъсис ва баргузории ҷаласаи нахустини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзею гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз  ба талаботи замони муосир дастовардҳои беназиру нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар ба ҳисоб меравад.

БОБОҶОНЗОДА Номвар Шодиқул,
судяи суди шаҳри Исфара.