Як соли маҳруми аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт барои бо рақами қайди давлатии бегона идора намудани воситаи нақлиёт

Ронанда Н.А.А. санаи 11 марти соли 2024, соати 12:30 дақиқа дар роҳи автомобилгарди Ҷамоати деҳоти Сурхи шаҳри Исфара, воситаи нақлиёти тамғаи «ИМЗ-8103»-ро бо рақами қайди давлатии бегона, яъне рақами қайди давлатии *** Н02, ки ба ин воситаи нақлиёт мансуб набуд, васл намуда идора кардааст.

Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Н.А.А. бо моддаи 313 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суд санаи 28 марти соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода, бо қарор аз ҳамин сана Н.А.А дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 313-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати як сол, таъин карда шавад.

Қарори мазкур эътибори қонунӣ пайдо кардааст.

Суди шаҳри Исфара