Ҷуброни зарари маънавӣ – яке аз тарзҳои ҳифзи ҳуқуқи гражданӣ

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд ҶТ) марҳилаи нави инкишофи ҷамъиятӣ – иқтисоди бозорӣ оғоз ёфт. Ин давра бо он хусусияташ фарқ мекунад, ки мустақилият ва озодии муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, аз ҷумла ҳуқуқҳои фитрии инсон афзалият дошта кафолати татбиқи он дар қонунгузории ватанӣ муқаррар шудааст.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуданд, ки: “Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошад”.
Талаботи замони муосир тақозо намуда истодааст, ки қонунҳои махсуси ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ хос қабул карда шаванд. Зеро дар ин давра муносибатҳои молумулкӣ, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ васеъ истифода бурда мешавад мутаносибан бо муносибатҳои шахсии ғайримолумулкӣ алоқаманд мебошанд ва бешубҳа арзиши олӣ доранд. Ин аст, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакл ва намудҳои гуногуни моликият кафолат дода шудаст, ки тибқи он ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст .
Лозим ба зикр аст, ки дар қатори муносибатҳои номбурда ба ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ меъёрҳои махсус дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам Кодекси граждании (минбаъд КГ ҶТ) Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд, ки тибқи онҳо ҳифзи ин ҳуқуқҳо кафолат дода мешаванд. Лекин ногуфта намонем, ки дар қонунгузории гражданӣ ҳарчанд масъалаи танзими ҳуқуқии онҳо ба таври лозима пешбинӣ шуда бошанд ҳам, аз камбудиҳо холӣ нестанд. Маҳз ҳамин ҳолат боис гашт, ки оид ба камбудии соҳаи қонунгузорӣ нисбати масъалаи мазкур каме фикру андешаи хешро пешниҳод намоем.
Маълум аст, ки агар ба шаҳрванд дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунӣ ба ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкӣ ё ба дигар неъматҳои ғайримоддии ў таҳдид дар шакли зиёни маънавӣ (азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ё рўҳӣ) расонида шуда бошад, суд метавонад шахси ҳуқуқвайронкардаро вазифадор созад, ки ин зиёнро ҷуброн намояд. Ҳангоми муайян намудани андозаи ҷуброни зиёни маънавӣ суд дараҷаи гуноҳи шахси вайронкардаи ҳуқуқ ва ҳолатҳои дигари қабули таваҷҷуҳро ба назар мегирад. Ҳамзамон, суд бояд дараҷаи азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ва руҳии марбут ба хусусиятҳои инфиродии шахси ҷабрдидаро ба назар гирифта ҷазои одилонаро таъин намояд (моддаи 171 КГ ҶТ).
Тибқи моддаи 172 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе, ки ҳуқуқи ғайриамволиаш вайрон шудааст, инчунин ба ҷуброни зиёни маънавӣ ҳуқуқ дорад. Ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкиро суд бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
Ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкӣ сарфи назар аз гуноҳи шахси вайроннамудаи ҳуқуқ татбиқ мешавад. Шахсе, ки ҳифзи ҳуқуқашро талаб кардааст, бояд далели вайрон гардидани ҳуқуқи шахсии ғайримолумулкиашро исбот карда тавонад, дар акси ҳол маъала баҳснок хоҳад монд. Дар баробари ин, шахсе, ки ҳуқуқи ғайримолумулкиаш вайрон гардидааст, метавонад бо хости худ рафъи оқибати онро аз шахси гунаҳкор талаб намояд ё аз ҳисоби гунаҳкор мустақилона амалҳои заруриро анҷом диҳад ва ё иҷрои онҳоро ба шахсони сеюм супорад.
Дар карори Пленуми суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 1992 қайд карда шудааст, ки суд ҳуқуқ дорад талаботи шаҳрвандонро дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ (ғайримолумулкӣ), ки дар натиҷаи аз тарафи воситаҳои ахбори умум паҳн кардани маълумотҳои ба ҳақиқат номувофиқ, ки шаъну шарафи ўро паст мезананд, баррасӣ намояд. Мутаносибан, ҳаҷми зарари маънавиро суд дар ифодаи маблағи пулӣ ба хусусият ва мазмуни нашр, дараҷаи гуноҳи шахси вайронкардаи ҳуқуқ, ҳамчунин дараҷаи азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ва рўҳии шаҳрванд муайян менамояд. Умуман, суд тамоми ҳолатҳои дигари қобили таваҷҷуҳдоштаро ба назари эътибор мегирад.
Дар асл, зиёни маънавӣ гуфта, азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ва руҳие, ки бо амал (беамалӣ) расонида шудаасту ба неъматҳои ғайримолумулкии шаҳрвандон, ки аз лаҳзаи таваллуд ё тибқи қонун ба даст овардаанд, суиқасд менамояд ё худ ҳуқуқҳои молумулкии шаҳрвандонро вайрон мекунад, фаҳмида мешавад. Аз ин рў, ҷуброни зиёни маънавӣ тавассути присипҳои зерин бояд амалӣ карда шаванд:
а) зиёни маънавӣ дар ҳолатҳои вайрон кардан ё суиқасд ба ҳуқуқҳои шахсии ғайримолумулкии шаҳрванд, ҷуброн карда мешавад. Дар мавриди вайрон шудани ҳуқуқҳои амволии шаҳрвандон ҷуброни зиёни маънавӣ дар ҳолатҳои пешбиинамудаи қонун, ба амал бароварда мешавад. Масалан, ҷуброни зарари маънавӣ бо қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» пешбинӣ карда шудааст, ки дар амалия хеле васеъ истифода бурда мешавад. Ҳолати мазкур хусусан дар муносибатҳои шартномавӣ, ба монанди хариду фурўши чакана, тиҷорат, иҷораи манзил, хизматрасонӣ, хизмати молиявӣ, мусофиру боркашонӣ ва ғайраҳо татбиқ карда мешавад;
б) ҷуброни зиёни маънавӣ аз руи қоидаҳои умумӣ дар сурати мавҷуд будани гуноҳи шахси зараррасон роҳ дода мешавад.
Вале тибқи меъёрҳои банди 2-юми меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, зарари маънавӣ сарфи назар аз гуноҳи зараррасон дар ҳолатҳои зайл ҷуброн карда мешавад:
— агар зарар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрванд аз манбаи хатари калон дошта расонида шуда бошад;
— агар зарар ба шаҳрванд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳкум кардан, ғайриқонунӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, ба сифати чораҳои эҳтиёти ғайриқонунӣ истифода бурдани баҳабсгирӣ ё забонхат барои ба ҷое нарафтан, ғайриқонунӣ андешидани ҷазои маъмурӣ дар шакли ҳабс ё корҳои ислоҳии меҳнатӣ, расонида шуда бошад;
— агар зарар дар натиҷаи паҳни маълумоте, ки шаъну шараф ва эътибори кориро паст мезанад, расонида шуда бошад (моддаи 1115 КГ ҶТ).
Дар асоси ин гуфтаҳо, зарари маънавӣ новобаста аз ҷуброни зарари моддӣ пардохта мешавад (ё якҷоя). Мутаносибан, ҳаҷми ҷуброни зарари маънавиро суд муқаррар менамояд.
Ғайр аз ин ба назар гирифтани дараҷаи гуноҳи шахси зараррасон, дараҷаи азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ва руҳии шаҳрванд, инчунин талаботҳои оқилона ва одилона бояд пурра ба инобат гирифта шаванд. Ба андешаи мо, мушаххасоти ранҷу азоби ҷисмонӣ ва маънавӣ аз ҷониби суд бо назардошти ҳолатҳои воқеӣ, ки дар натиҷаи он зарари маънавӣ расонида шудааст ва хусусиятҳои инфиродии ҷабрдида баҳо дода мешавад.
Илова менамоем, ки ҳолатҳои дигари қабули таваҷҷуҳ ва талаботҳои оқилонаю одилонаро қонуни ҷории гражданӣ бо сабабҳои ба мо номаълум кушода надодааст, ки боиси пайдо гардидани баҳсҳои мухталиф мегарданд. Аз ин рў таклиф менамоем, ки қонунгузор ҳолати мазкурро бояд ба назар гирад ва онҳо бояд ба таври пурра пурра шарҳ дода шаванд.
Исботи андешаҳои мо Қарори Пленуми Суди Олии Ферератсияи Россия шуда метавонад, ки дар он мафҳумҳои дар боло зикргардида ба таври возеҳ қайд карда шудааст, ки тибқи онҳо дар баробари дигар ҳолатҳо суд бояд ба хусусият ва мазмуни нашр, дараҷаи паҳншавии маълумотҳои ба ҳақиқат номувофиқ ва дигар ҳолатҳо бояд ба назар гирифта шавад.
Амалия пешбинӣ менамояд, ки масъалаи баҳисобгирии имконияти ҳолати молумулкии шахси зараррасон, дар мавриди муайян кардани ҳаҷми ҷуброни зарари маънавӣ бояд ба назар гирифта шавад. Хулоса, ҷуброни зарари маънавӣ ҳамчун навоварии давраи иқтисоди бозоргонӣ имконият медиҳад, ки ҳуқуқҳои ғайримолумулкии шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ на танҳо ҳифз карда шавад, балки дар шакли маблағи пулӣ низ барқарор карда шавад.
Илова менамоем, ки масъалаи танзиму истифодаи ҷуброни зиёни маънавӣ дар қонунгузорӣ ба тариқи маҳдуд ва хеле нокифоя мустаҳкам карда шудааст. Аниқтараш, дар КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин муносибатҳои мураккаб танҳо 3 ё 4 модда бахшида шудаасту халос (ба монанди, моддаҳои 171, 172, 1115, 1116 КГ), ки ин ҳолат ба ақидаи мо барои танзими ҳуқуқии неъматҳои ғайримоддӣ нокифоя мебошанд ва бешубҳа минбаъд танзими пурраи худро тақозо намуда истодаанд.
Дар асоси ин гуфтаҳо таклиф менамоем, ки:
1. Масъалаи танзими ҳуқуқии муқаррар намудани ҷуброни зарари маънавӣ дар қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи васеъ муқаррар карда шуда, тартиб, тарз ва воситаҳои рўйпўш намудани онҳо возеҳ ва равшан нишон дода шаванд;
2. Таклиф менамоем, ки мафҳумҳои азобу шиканҷаи ҷисмонию руҳӣ қонунан кушода дода шуда, ба шаҳрвандон имконияти мустақилона муайян намудани ҳаҷми зарари маънавӣ ва ҷуброни онҳо дар қонунгузории гражданӣ мустаҳкам карда шавад;
3. Андеша дорем, ки ба эътибор гирифани ҳолати моддии шахси зараррасон, дар мавриди муайян кардани ҳаҷми ҷуброни зарари маънавӣ ба талаботи замони муосир номутобиқ аст ва дар асл, ба принсипи баробарҳуқуқии субъектони муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ мухолиф аст. Аз ин хотир, таклиф менамоем, ки ҳар як субъекти ҳуқуқвайронкунанда новобаста аз ҳолати моддии худ бояд масъулияти ҳуқуқи гражданиро зоҳир намояд, таъсиррасонии меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ баръало бояд аён бошанд, татбиқи амалии онҳо ба роҳ монда шаванд, зеро амалӣ шудани онҳо ба андешаи мо ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ имконияти мусбӣ фароҳам хоҳанд овард.

Котиби маҷлиси судӣ: Сангинов Содиқҷон Субҳонович