Табрикоти Раиси суди шаҳри Исфара ба муносибати Рӯзи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз он рӯзе, ки Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард ва мустақил гашт сохтори давлатдорию идораи он ба пурраги тағйир ёфт. Таҷзияи ҳокимият ба се шоха, қонунгузор, иҷроия ва судӣ яке аз нишонаҳои асосии давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошад, ки таҷассумгари пешравии давлатдории салтанати мустақили муосири Тоҷикистон аст.
Таърихи ташаккули системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки тӯли 90 соли сипари шуда бо дигар шудани сохти давлатдорӣ аввал дар шароити ҷомеаи сотсиалистӣ ва баъдан дар давлати соҳибистиқлол, демократию ҳуқуқбунёд ҳокимияти судӣ давраҳои ниҳоят ҳассосиятро аз сар гузаронидааст. Хусусан баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, ки барои миллат як давраи душвори сиёсӣ буд барои мақомоти судӣ, ки охирон зинаи ба амал баровардани адолат бо ҳама масъалаҳо буд аз тамоми замони фаъолияташ фарқкунанда буд. Он ҳам бошад таъсири нооромии давлат бар асари мухолифатҳои бародари буд, ки судҳои ҷумҳури онро бо сарбаландӣ гузаштанд.
Дар яке аз суханрониҳояшон Сарвари давлат қайд кардаанд, ки: “Пойдории мулк ва бақои давлат ба адлу дод ва риояи Қонуну қонуният устувор аст ва додгустарон чун ҳомиёни адолат дар симои қонун ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро пуштибони мекунанд.” Рисолати вазифаи судягӣ рисолати бениҳоят бузург аст, ки барои ҳар як хулосааш дар назди халқу виҷдонаш ҷавобгар мешавад. Барои ҳамин асолате, ки ба шахсияти судя дода шудааст лоиқи эҳтирому боварӣ ва барандаи номи “Муҳтарам судя” аст. Барои ҳамин бояд ҳар як судя дар баробари вазифашиносиаш хештаншинос бошад, ки мизони адолатро аз рӯи қонун ва эътимоди ботиниаш баҳогузорӣ карда тавонад. Паҳлӯҳои мизони адолат, ки бо чашмони баста танҳо аз рӯи қонуну виҷдон баҳо дода мешаванд, аз сар то охир умри судяро дар пеши қарори қабул мекардааш амонат мегузорад. Барои ҳамин судро зинаи охири муҳокимаҳо мегӯянд, ки баъди он дигар ягон мақоми муҳокимакунандаю ҳалкунанда вуҷуд надорад. Аз ин рӯ бояд ҳар як судя ҳамеша дар ёд дошта бошад, ки чи гуна мақом дорад ва асолаташ дар чист. Ҳатто як лаҳза ҳам фаромӯш накунад, ки лоиқи номи “Муҳтарам судя” будан чи насибе ҳасту чи гуна бояд гиромӣ донист.
Бо истифода аз ин фурсати бениҳоят муносиб ман шахсан аз номи худам ва аз номи тамоми кормандони суди шаҳри Исфара ҳамаи Шумо ҳамкасбонро бо ин Рӯзи касбиатон табрику муборакбод гуфта, ба ҳар яки Шумо барои ба амал баровардани адолати судӣ пеш аз ҳама саломатии бардавом, рӯзгори бобаракат, зиндагонии хушбахтона, пешравиҳои кор ва сарбаландиҳоро таманно мекунам.
Дар адои вазифаҳои пурмасъулияти хеш ҳамеша комрон бошед!
Бо эҳтироми ниҳоят афзун,
Раиси суди шаҳри Исфара: Ҳафиззода Т.М.