Санади сарнавиштсози миллат

6 ноябри соли 1994 санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санади асосии қонунгузорӣ барои ба амал баровардани сиёсати хориҷиву дохилии давлат заминаи устувор ва мусоид фароҳам овардааст, ки натиҷаи он боз ҳам боло рафтани эътибори байналмилалии кишвар мо дар арсаи байналмилалӣ гардидааст.
Конститутсия калимаи лотинӣ буда, мазмуни он барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан аст ва Конститутсияи мо дар зарфи 29 сол ба ин хусусиятҳои сиёсиву ҳуқуқӣ пурра ҷавобгӯй будани худро нишон дода, муқаррарот ва принсипҳои дар он ифодаёфта комилан амалӣ шуда истодаанд.
Бо қабули Конститутсия мардуми шарафманди Ватани азизамон бо нияту орзуҳои нек ба ояндаи Ватану миллати худ, ҳуқуқи таърихии хешро ба рушди давлат амалӣ намуд ва давлату Ҳукуматро ба шоҳроҳи азими созандагию бунёдкорӣ раҳнамун сохт. Натиҷаи ҳамин раҳнамоиҳост, ки ҳоло кишвари мо аз мамолики амн ва дар ҳоли рушд ба ҳисоб меёбад.
Конситутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва миёни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ санади олии дорои эътибори ҳуқуқӣ аз талаботи аввалиндараҷаи инсон ба ҳаёт, зиндагӣ, озодӣ, адолати иҷтимоӣ, баробарӣ ва дахлнопазир будани ҳуқуқу озодиҳои ӯ ба майдони сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид шудааст. Чунонки дида мешавад, Конститутсия то ба дараҷаи соҳиб шудан ба унвони қонуни асосии давлат эволютсияи дуру дарози таърихиро аз сар гузаронида, амалан синтези афкори пешқадами фалсафию сиёсӣ, ҳуқуқию фарҳангии ҷомеаи башарӣ мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар такя аз таҷриба ва арзишҳои вуҷуддоштаи давлату давлатдорӣ, анъанаҳои қабул кардани конститутсияҳо, раванди конститутсионализм ва таҷрибаи 70-солаи констутсионализми сотсиалистии худ (конститутсияҳои солҳои 1929, 1931, 1937 ва 1978) 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду иҷтимоии худро қабул ва эълон кард.

БОБОҶОНЗОДА Номвар Шодиқул,
судяи суди шаҳри Исфара.