Раҳнамои ҷомеа

Қабули Конститутсияи соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давраи саъю кӯшиш ва талошҳои роҳбарияти давлати тозабунёд ҷиҳати дарёфти роҳи инкишофи миллӣ ва давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ки якпорчагӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери суол қарор дода буд, рост омад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дебочаи худ халқи Тоҷикистонро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон эълон намуда, масъулияти таърихии онро дар назди наслҳои гузаштаву имрӯза ва оянда муайян кард. Мақсади таърихии худро дар баробари таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, муқаддас донистани озодӣ ва ҳуқуқи ҳар шахс, таъмин ва кафолати баробарӣ ва дӯстии тамоми халқу миллатҳо, инчунин аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар арзёби намуд.
Конститутсия имконият фароҳам овард, ки давлат тамоми шароит ва захираҳои мавҷудаи худро барои раҳоӣ ёфтан аз ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва якпорчагии давлат, баргардонидани ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ, гузаштан ба фаъолияти созандагиву бунёдкорӣ сафарбар намояд. Ҳамин аст, ки дар мамлакат дар муддати кӯтоҳ дар натиҷаи ташкили дурусти фаъолияти мақомоти олии давлатӣ ва маҳаллӣ, душвориҳо, нофаҳмиҳо ва оқибатҳои онҳо паси сар гардида, давлат ба шоҳроҳи бузурги созандагию бунёдкорӣ қадамҳои устувор гузошт. Конститутсияи мамлакати мо асоси суботи бардавоми сиёсии ҷомеа, ҳамдигарфаҳмию ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар он ва рушди ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошад.
Расидан ба ҳадафҳои давлату ҳукумат аз ҳар фарди ҷомеаи Тоҷикистон новобаста аз мавқеи иҷтимоӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, риоя ва эҳтироми Конститутсия ва қонунҳо ва аз ҳокимият фаъолияти бо низоми конститутсионӣ, таъмини кафолати ҳамаҷонибаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оштинопазириро нисбат ба қонуншиканиҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ҳама гуна мақомот ва кормандони онҳоро тақозо дорад.

Нигина ФАРҲОДЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара.