Қонуни ояндасоз

Таи ҳашт сол аст,ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал менамояд. Дар ин муддат на танҳо аксари волидайн, инчунин аҳли шаҳрвандон аз манфиати он бархурдор шудаанд.
Қонуни номбаршуда ба падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда, яъне васӣ, парастор имкон медиҳад, ки таълиму тарбияи то овони балоғатрасӣ (синни 18-солагӣ) мақсаднок гузаронида шавад.
Таълиму тарбияи фарзанд аз падару модар ҳисси баланди масъулиятро тақозо дорад. Албатта масъулиятнокии мактабу омӯзгор дар он зикр гардидааст, лек аз сабаби он ки вақти бештарини фарзандон дар ҳалқаи оила мегузарад, аҳли пайвандон бояд бештар ба ин самт диққат диҳад.
Мутаассифона бархе аз волидон кори худро ба дӯши мактабу муаллим ҳавола доранд. Ҳаминро бояд зикр кард, ки кори тарбияву таълим он вақт самараи нек медиҳад, ки ҳам оила ва ҳам мактаб ҳамкориро вусъат диҳанд. Нақши таълими дуруст ба тарбияи мақсаднок аҳамияти калон дорад. Иҷрои вазифаи хонагӣ агар аз ҷониби волидайн назорат карда шавад маҳсули он дар рафтори фарзанд таъсири нек мегузорад. Ин ҳикматро ҳанӯз шоири бузурги тоҷик, ҳамасри Рӯдакӣ Абӯшакури Балхӣ бо шеър чунин баён кардааст:
Ба ҳангоми барноию кӯдакӣ,
Ба дониш тавон ёфтан зиракӣ.
Дастовардҳои Истиқлолияти давлатиро оянда фарзандони мо – наслҳои наврас бояд ҳифз намоянд. Инкишофи зеҳниву ҷисмонии онҳо дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватанпарварона имкон медиҳад, ки ояндаро соҳибӣ намоянд. Ин мақсад дар мароми кори дастҷамъонаи падарону модарон бо муассисаҳои таълимӣ ҳосил мешавад.

Судяи суди шаҳри Исфара: Бобоҷонзода Н.Ш.
(Мақолаи мазкур дар маҷаллаи оммавӣ-фарҳангии Моҳтоб таҳти №8 дар соли 2019 ба чоп расидааст)