Оқибати иҷро накардани уҳдадорӣ…

Шаҳрванд Қосимова С.Ф. уҳдадориҳояшро дар тарбияи фарзанди ноболиғаш иҷро накарда, ӯро дар муҳлати дар қонун пешбинишуда аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нагузаронида, шаҳодатномаи таваллуд нагирифтааст, ки бо ин кирдораш талаботи сархати 2 моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро вайрон намудааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Қосимова С.Ф. худашро гунаҳгор ҳисобида ба суд баён кард, ки дар ҳақиқатан уҳдадориҳояшро дар тарбияи фарзанди ноболиғаш иҷро накарда, ӯро дар муҳлати дар қонун пешбинишуда аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ нагузаронида, барои фарзандаш шаҳодатномаи таваллуд нагирифтааст.
Бо қарори судяи Суди шаҳри Исфара Бобоҷонзода Н.Ш. аз санаи 18-уми январи соли 2021 ҳуқуқвайронкунанда Қосимова С.Ф. бо моддаи 90 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ дар асоси ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 174 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намуда ба иҷро расонида шудааст.

Масъули сомонаи суд: Давронӣ С.Ш.