Оқибати беназорат мондани фарзанд…

Шаҳрванд Охонов А.А. талаботи сархати 18 моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро ки мувофиқи он падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд уҳдадоранд ба оворагардӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд, иҷро накардааст, ки дар натиҷа фарзанди ноболиғаш А.М. хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти ҳамагонии №30 санаи 13-уми сентябри соли 2019 дар дарси тарбияи ҷисмонӣ иштирок накарда ба оворагардӣ машғул шудааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Охонов А.А. худашро гунаҳгор ҳисобида ба суд баён кард, ки ин ҳолат аз сабаби беаҳмиятии ӯ ба миён омадааст, ки аз ин кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон мебошад ва ваъда дод, ки минбаъд таълиму тарбияи фарзандашро зери назорат қарор мегирад.
Бо қарори судяи суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. Аз санаи 3-юми октябри соли 2019 ҳуқуқвайронкунанда Охонов Абдурозиқ Абдуразоқович бо моддаи 90 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ дар асоси ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 165 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намуда ба иҷро расонида шудааст.

Масъули сомонаи суд: Давронӣ С.Ш.