Мулоқот бо донишҷӯён

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми сентябри соли 2019 бо иштироки Раиси суди шаҳри Исфара Ҳафиззода Тоҷиддин Миралӣ дар Филиали Донишгоҳи технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара вохӯри бо донишҷӯён дар мавзӯи “Дастовардҳои Истиқлолият ва хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баргузор гардид.
Роҳбарияти суди шаҳри Исфара зимни мулоқот бо донишҷӯён аз дастовардҳои Истиқлолият, ки давоми 28 соли Истиқлолият ба даст оварда шудааст ва хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, бо шунидани фикри донишҷӯён таваҷҷуҳи донишҷӯёнро ба муқаддас будан ва азимият доштани Истиқлолияти давлатӣ равона сохта, онҳоро ба дониши хубу аъло, ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт ва пос доштани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ҳифз намудани якпорчагии Ватан, ба ватан содиқона хизмат намудан ва аз даст надодани зиракии сиёсиро ҳидоят намуд.
Мулоқоти роҳбарияти суд дар як фазои идона ва болидахотирии донишҷӯён баргузор гардид.