Маҷлиси тантанавӣ

Бо мақсади иҷро намудани супориши роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3-юми сентябри соли 2019 дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд бо иштироки судяҳо, кормандони дастгоҳи суди шаҳри Исфара ва суди шаҳри Конибодом, ҳамчунин донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом маҷлиси тантанавӣ бахшида ба мавзӯи “Дастовардҳои Истиқлолият ва хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баргузор гардид.
Маҷлиси тантанавӣ бо ворид намудани Парчами давлатӣ ва хондани Суруди Миллӣ оғоз гардида, рафти маҷлиси тантанавӣ Раисони судҳои шаҳри Исфара ва шаҳри Конибодом, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар мавзӯи баррасишаванда суханронӣ намуда, воқеият ва фикру ақидаҳои худро вобаста ба дастовардҳои Истиқлолият ва хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда, баён намуданд, ки Тоҷикистониён бевосита бо роҳбарии Сарвари пеш аз ҳама хоксору хирадманд ва меҳанпарасти худ чунин ҳаёти осоиштаю оромро ба даст овардаанд ва маҳсули ҳамаи дастовардҳои даврони замони истиқлол маҳз Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Маҷлиси тантанавӣ дар як фазои идона ва болидахотирии иштирокчиён баргузор гардид.