Пушаймонии падар…

Шаҳрванд Сангинов Толиб Джураевич талаботи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳти №762 аз 02.08.2011-ро вайрон намуда бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шударо содир намудааст, ки мувофиқи он падару модар уҳдадоранд ба фарзанди то синни матабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Сангинов Толиб Джураевич худашро гунаҳгор ҳисобида ба суд баён кард, ки ин ҳолат аз сабаби беаҳмиятии ӯ ба миён омадааст, ки дар ҳақиқат ӯ ӯҳдадориҳояшро дар тарбияи фарзанди ноболиғаш иҷро накардаааст, ки дар натиҷа фарзандаш ба муассисаи таълимӣ барои гирифтани таҳсил бо телефони мобилӣ ҳозир шудааст. Аз ин кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон мебошад.
Бо қарори судяи суди шаҳри Исфара Раҳимзода А.А. аз санаи 4-уми октябри соли 2021 ҳуқуқвайронкунанда Сангинов Толиб Джураевич бо моддаи 90 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ дар асоси ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 180 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намуда ба иҷро расонида шудааст.

Масъули сомонаи суд: Давронӣ С.Ш.