ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СУДИ ШАҲРИ ИСФАРА

Имрӯз, 16 декабри соли 2025 дар Суди шаҳри Исфара тамошои дастаҷамъонаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суд иштирок намуда, Паёми Президенти кишварро, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад, бо диққати хоса тамошо намуданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи худ арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои дар он зикршуда иброз доштанд.
Тамошои дастаҷамъонаи Паём дар фазои созанда ва масъулиятшиносӣ баргузор гардида, он ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳ мусоидат намуд.
Масъули сомона:
Давронӣ С.Ш.
Суди шаҳри Исфара 