АХБОРИ СУДӢ
ИШТИРОК ДАР ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ
Суди шаҳри Исфара сокини Ҷамоати деҳоти Сурх — Т.Ш.А., соли таваллудаш 1977-ро барои иштирок ва мусоидат ба фаъолияти ташкилоти экстремистӣ гунаҳгор донист.
Номбурда солҳои 2019–2022 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия тавассути шабакаи интернетӣ наворҳои марбут ба ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24»-ро, ки фаъолияташ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шудааст, тамошо намуда, ба таври виртуалӣ фаъолияти онро ҷонибдорӣ кардааст.
Муайян гардид, ки ӯ 1 сентябри соли 2021 ба суратҳисоби бонкии вобаста ба аъзои ин ташкилоти экстремистӣ маблағи 1 ҳазор рубли русӣ интиқол додааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2014 фаъолияти ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи 24» дар қаламрави кишвар ҳамчун ташкилоти экстремистӣ манъ гардидааст.
Дар ҷараёни муҳокимаи судӣ судшаванда Т.Ш.А. гуноҳи худро пурра эътироф намуда, изҳори пушаймонӣ кард. Суд бо дарназардошти ҳолатҳои парванда, шахсияти айбдоршаванда ва меъёрҳои қонунгузории ҷиноятӣ ӯро бо моддаи 307(3) қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум намуд.
Ҳукм пешбинӣ мекунад, ки ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр адо гардад.
Н.Ғ. МАЛИКЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара.
БА ХУДКУШӢ РАСОНИДАНИ КЕЛИНИ ХОНАДОН
Суди шаҳри Исфара сокини Ҷамоати деҳоти Ворух Б.З. ҷинсаш зан, соли таваллудаш 1990-ро барои расонидан ба худкушӣ гунаҳгор донист.
Тибқи маводи парванда, судшаванда бо келини хонавода — И.Ш., ки ҳамсари додараш буд, якҷо зиндагӣ мекард. Муайян гардид, ки дар давоми соли 2025 нисбати ҷавонзан муносибати дағалона нишон дода, ӯро мунтазам таҳқир мекард ва шаъну эътиборашро дар назди дигар аъзои оила паст мезад.
Тибқи хулосаи тафтишот, И.Ш. аз фишорҳои равонӣ ва муносибати бераҳмона рӯҳафтода шуда, 18 ноябри соли 2025 дар манзили истиқоматиаш бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ задааст. Хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ сабаби маргро асфиксияи механикӣ муайян кардааст.
Дар рафти баррасии парванда мукотибаҳои марҳум бо ҳамсараш тавассути шабакаи иҷтимоии «WhatsApp» низ мавриди таҳлил қарор гирифта, дар онҳо шикоят аз муносибати дағалонаи судшаванда ва нишонаҳои нияти худкушӣ сабт гардидааст.
Судшаванда дар мурофиаи судӣ айбро эътироф накарда, худро бегуноҳ шуморид. Бо вуҷуди ин, суд бо дарназардошти далелҳои ҷамъовардашуда, нишондоди шоҳидон ва хулосаҳои экспертиза ӯро тибқи моддаи 109 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор донист.
Б.З. бо ҳукми суд бо моддаи 109 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 4 (чор) сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шуд.
Н.Ғ. МАЛИКЗОДА,
судяи суди
шаҳри Исфара.
ВАҚТЕ НОБОЛИҒ АВБОШӢ МЕКУНАД…
Суди шаҳри Исфара нисбати ноболиғ Б.М.А., таваллудаш соли 2007, сокини шаҳри Исфара, маҳаллаи №14, таҳсилоташ миёна, расман кор намекунад бо айби авбошӣ ҳукм содир намуд.
Тибқи маводи парванда, моҳи январи соли 2025 байни чанд ноболиғ дар суроғаи шаҳри Исфара маҳаллаи №8, ҳавлии №36/1, назди манзили истиқоматии шаҳрвандон муноқиша сар зада, ба ҷангу ҷанҷол табдил ёфтааст. Дар натиҷа тартиботи ҷамъиятӣ вайрон гардида, миёни иштирокчиён низоъ ва истифодаи зӯроварӣ ба амал омадааст.
Дар ҷараёни муҳокимаи судӣ айбдоршаванда гуноҳи худро пурра эътироф намуда, аз кирдори содиршуда изҳори пушаймонӣ кардааст. Ҷабрдида низ нисбат ба ӯ даъвои шикоятӣ пешниҳод накардааст.
Бо дарназардошти ноболиғ будани судшаванда, бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ, пушаймонӣ ва хислати мусбии ӯ, суд қарор намуд, ки ислоҳи ноболиғ бидуни маҳрум сохтан аз озодӣ имконпазир мебошад.
Бо ҳукми суд, ноболиғ Б.М.А. тибқи моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои корҳои ҳатмӣ ба муҳлати сад (100) соат дар як рӯз на зиёда аз се соат муқаррар гардид.
Ҷ.З. МУРОДЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара.
Суди шаҳри Исфара 