АХБОРИ СУДӢ
ВАЙРОН КАРДАНИ ҚОНУНИ ТАНЗИМ
Дар ҷаласаи ошкорои судӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шаҳрванд Д.Б.А. (санаи таваллудаш 20-уми марти соли 1971, миллаташ тоҷик, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, таҳсилоташ миёна, расман кор намекунад, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара) баррасӣ гардид.
Тавре аз маводи парванда бармеояд, зимни санҷиши прокурории иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» муайян шудааст, ки ҳуқуқвайронкунанда дар манзили истиқоматиаш маросими домодталбон ва арӯсбинонро берун аз доираи оила баргузор намуда, бо иштироки 22 нафар меҳмонон зиёфат оростааст. Ин ҳолат талаботи қонунро, ки чунин маросимҳоро танҳо дар доираи оила ва бо иштироки маҳдуди меҳмонон иҷозат медиҳад, вайрон намудааст.
Ҳуқуқвайронкунанда, сарфи назар аз огоҳии пешакӣ, ба муҳокимаи судӣ ҳозир нашуд ва парванда тибқи талаботи қонунгузорӣ дар ғайбаш баррасӣ гардид.
Суд бо омӯзиши маводи парванда ва далелҳои пешниҳодшуда кирдори шаҳрванд Д.Б.А.-ро ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ арзёбӣ намуда, онро тибқи қисми 2 моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст кард.
Ҳангоми таъини ҷазо суд ҳолатҳои сабуккунандаро аз ҷумла иқрори гуноҳ ва доштани фарзандони ноболиғ ба назар гирифт. Ҳолатҳои вазнинкунанда муайян карда нашуданд.
Бо қарори суд шаҳрванд Д.Б.А. гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ ба маблағи 9360 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин гардид.
М.С. РАҲМОНЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара.
* * *
АВБОШӢ ДАР
ҶОИ ҶАМЪИЯТӢ
Суди шаҳри Исфара дар ҷаласаи ошкорои парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванд М.А.Ҳ. (санаи таваллудаш 6-уми майи соли 1974, маълумоташ миёна, оиладор соҳиби 3 фарзанд, расман кор намекунад, қаблан суд нашудааст, ҷои зисташ Ҷамоати деҳоти Сурх)-ро баррасӣ намуд.
Тибқи маводи парванда, ҳодиса моҳи сентябри соли 2025 дар ҳудуди бозори ҶДММ «Ҳомидҷон»-и Ҷамоати деҳоти Сурх ба амал омадааст. Суд муайян кард, ки миёни судшаванда ва шаҳрванд М.А.Р. бинобар баҳси пулӣ нофаҳмӣ сар зада, судшаванда дар ҷойи ҷамъиятӣ бо истифодаи дашном ва рафтори дағалона тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.
Гуфта мешавад, номбурда бо ҳиссиёти авбошӣ ба ҷабрдида зарба зада, оромии шаҳрвандони дар маҳалли ҳодиса қарордоштаро халалдор намудааст. Амалҳои ӯ аз ҷониби шахсони ҳозирбуда қатъ карда шудаанд.
Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ ба ҷабрдида осеби сабуки ҷисмонӣ расонида шудааст, ки бо вайроншавии кӯтоҳмуддати саломатӣ тавсиф мегардад.
Дар ҷараёни муҳокимаи судӣ судшаванда гуноҳи худро пурра эътироф намуда, аз кирдори содиркардааш пушаймонӣ изҳор кард ва парванда бо тартиби соддакардашуда баррасӣ гардид.
Ҷабрдида нисбат ба ӯ даъвои моддӣ пешниҳод накардааст.
Суд кирдори шаҳрванд М.А.Ҳ.-ро тибқи қисми 1 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — авбошӣ, яъне дағалона вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ — арзёбӣ намуд.
Ҳангоми таъини ҷазо суд ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла бори аввал содир намудани ҷиноят, иқрори гуноҳ, пушаймонӣ, таъминоти оила ва мавҷуд набудани даъвои ҷабрдидагонро ба назар гирифт.
Бо ҳукми суд шаҳрванд М.А.Ҳ. гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷарима ба маблағи 7500 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин гардид.
М.С. РАҲМОНЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара.
* * *
БАРОИ БЕЭЪТИНОӢ ДАР ТАРБИЯИ ФАРЗАНД
Суди шаҳри Исфара сокини ҷамоати деҳоти Чилгазӣ Н.Т., соли таваллудаш 1985-ро барои иҷро накардани уҳдадориҳои тарбиявӣ нисбат ба фарзанди ноболиғаш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид.
Тибқи маълумоти суд, моҳи декабри соли 2025 фарзанди ноболиғи ӯ, хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55 ба муассисаи таълимӣ маҳсулоти тамоку (нос) бурдааст.
Суд ин ҳолатро ҳамчун натиҷаи назорати нокифояи падар арзёбӣ намуда, ӯро гунаҳгор донист.
Бо қарори суд нисбат ба Н.Т. ҷарима ба маблағи 1125 сомонӣ таъин гардид.
Ҷ.З. МУРОДЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара.
* * *
ОҚИБАТИ РИОЯИ НАКАРДАНИ ҚОНУН
Суди шаҳри Исфара парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Ҳ.Ҳ.Н. зодаи шаҳри Исфара, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, расман кор намекунад, муҷаррад, сокини шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Сурх бо моддаи 474 иловаи 2 қисми 1, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Санҷиши вазъи риояву иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” дар ҳудуди шаҳри Исфара нишон додааст, номбурда бар хилофи талаботи моддаи 8 Қонуни мазкур амал намуда, бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ тариқи барномаи интернетии “Instаgram” ва “WhatsApp” аз соли 2023 то инҷониб ба шаҳрвандон Ғаффоров Бахтиёр Абдуғафорович ва дигарон аз рӯи видеонаворҳо ва навиштаҷотҳо ба монанди “Мавлави Аҳмад Фирӯз”, “Ясир Ал Досир” “Нисораҳмад Аҳмадӣ” ва ғайра ғайриқонунӣ таълим ва тадриси динӣ дода, бо ин кирдори худ манфиатҳои давлат ва ҷамъиятро халалдор сохтааст.
Ҳ.Ҳ.Н. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 474 иловаи 2 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи навад (90) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба ҳафт ҳазору бист (7020) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Ҷ.З. МУРОДЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара
* * *
ҶАЗОИ ҚОНУНӢ БАРОИ БУРИДАНИ ДАРАХТОН
Суди шаҳри Исфара ду сокини Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ — Р.И. (таваллудаш 11-уми августи соли 1997, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби 2 фарзанд, муваққатан бекор) ва Ҳ.Б. (5-уми сентябри соли 1994, маълумоташ миёнаи нопурра, муҷаррад соҳиби як фарзанд)-ро барои буридани ғайриқонунии дарахтон гунаҳкор донист.
Тибқи маълумоти суд, рӯзи 12 январи соли 2026 онҳо дар ҳудуди бригадаи №10-и кооперативи тухмипарварии «Чоркӯҳ» бе иҷозати мақомоти дахлдор 14 бех дарахти сафедорро бурида, ба муҳити зист зарар расонидаанд. Ҳаҷми зарари ба давлат расонидашуда 17 ҳазору 472 сомониро ташкил додааст.
Зарари расонидашуда аз ҷониби айбдоршавандагон пурра ҷуброн гардидааст.
Бо ҳукми суд ҳар ду шаҳрванд тибқи моддаи 234 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба муҳлати 160 соат корҳои ҳатмӣ маҳкум гардиданд.
Ҳамчунин, ҳезуми дарахтони буридашуда ба фоидаи давлат мусодира карда мешавад.
М. АБДУЛЛОЗОДА,
иҷрокунандаи вазифаи
раиси суди шаҳри Исфара.
ҶАРИМА БАРОИ ИҶРО НАКАРДАНИ
УҲДАДОРИИ ВОЛИДАЙНӢ
Дар Суди шаҳри Исфара парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шаҳрванд Ф.И.Ҳ. (санаи таваллудаш 30 апрели соли 1973, таҳсилоташ миёна, оиладор соњиби 2 фарзанд, маъюби гурӯҳи дуюм, нафақахӯр, ҷои истиқоматаш Ҷамоати деҳоти Ворух) баррасӣ гардид.
Тибқи маводи парванда, муайян шудааст, ки номбурда уҳдадориҳои худро вобаста ба таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш хонандаи синфи 11-и яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Ворух Ф.Р.И. ба таври лозима иҷро накардааст. Дар натиҷа хонанда дар давоми чоряки аввали соли таҳсили 2025–2026 Ф.Р.И. бе сабабҳои узрнок зиёда аз 56 соат аз дарсҳо дур мондааст.
Бо ин амал талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак» вайрон гардида, кирдор ҳамчун ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ арзёбӣ шудааст.
Дар ҷараёни муҳокимаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда гуноҳи худро пурра эътироф намуда, аз рафтори худ пушаймонӣ изҳор кард ва ваъда дод, ки минбаъд ба масъалаи тарбияи фарзанд диққати ҷиддӣ медиҳад.
Суд бо омӯзиши маводи парванда ва бо дарназардошти ҳолатҳои сабуккунанда бори аввал содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ, иқрори гуноҳ ва пушаймонӣ, муайян намуд, ки татбиқи ҷарима ҳамчун ҷазои маъмурӣ мувофиқ мебошад.
Бо қарори суд шаҳрванд Ф.И.Ҳ. тибқи қисми 1 моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷарима ба маблағи 750 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин гардид.
* * *
Дар маҷлиси дигари ошкорои судӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шаҳрванд Ф.Ф.Ҳ. (санаи таваллудаш 17 феврали соли 1971, таҳсилоташ олии омўзгорӣ, оиладор, соҳиби 3 фарзанд, ҷои истиқоматаш Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ) баррасӣ гардид.
Муайян карда шуд, ки номбурда низ уҳдадориҳои худро вобаста ба таълиму тарбияи фарзанди ноболиғаш Ф.А. ба таври лозимӣ иҷро накардааст.
Дар натиҷа хонандаи синфи 9-и яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дар чоряки дуюми соли таҳсили 2025–2026 бе сабабҳои узрнок зиёда аз 55 соат дар дарсҳо ҳузур надоштааст.
Тибқи хулосаи суд, чунин рафтор вайрон намудани талаботи қонунгузорӣ дар самти таъмини иштироки ҳатмии кӯдакон дар таҳсил буда, тибқи моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмуриро пешбинӣ менамояд.
Бо қарори суд шаҳрванд Ф.Ф.Ҳ. тибқи моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба маблағи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 750 сомонӣ, ҷарима гардид.
М.С. РАҲМОНЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара.
* * *
СУД АҚДИ НИКОҲҲОРО БЕКОР НАКАРД
Суди шаҳри Исфара парвандаи оилавӣ бо даъвои Ҳ.М.Р. бо ҷавобгарии Ҳ.Ҳ.М. дар бораи бекор кардани ақди никоҳро баррасӣ намуда, муайян кард, ки Ҳ.М.Р. ба суд бо ҷавобгарии Ҳ.Ҳ.М. бо аризаи даъвогӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ муроҷиат намуда, аризаашро бо он асоснок намудааст, ки ӯ бо ҷавобгар Ҳ.Ҳ.М. бо расмӣ намудани ақди никоҳ оила барпо намуда, ақди никоҳашонро санаи 07 июни соли 2006 дар Ҷамоати шаҳраки шаҳри Исфара, таҳти №70 ба қайд гирифтаанд. Аз зиндагии якҷояашон соҳиби чор фарзанд мебошанд, ки пас аз барҳам хӯрдани муносибатҳои оилавиашон дар таъминоташ қарор доштаанд.
Дар аввали зиндагӣ байнашон якдигарфаҳмӣ вуҷуд доштааст. Баъдан муносибаташон бо ҳамдигар тағйир ёфта, аз ҳамдигар ҷудо шудаанд. Ӯ барои барҳам нахӯрдани оилаашон кӯшиш намудааст, аммо ҷавобгар бо ҳар баҳонаҳои ночиз бо ӯ ҷанҷол намуда, бо ӯ якҷоя зиндагӣ кардан нахостааст. Рашкҳои беасоси ҷавобгар боиси пароканда шудани оилаашон гардидааст. Муддати ҳашт сол боз инҷониб ӯ ҳамроҳи фарзандонаш дар хонаи падару модараш истиқомат доштааст.
Аз сабаби пурра барҳам хӯрдани оилаашон ҷавобгар соли 2022 бо М. ном зан тариқи мусулмонӣ оила барпо намудааст. Байни ӯ ва ҷавобгар баҳси молумулкӣ вуҷуд надоштааст. Масъалаи таъминоти фарзандонаш дар асоси қонун ҳали худро ёфтааст.
Байнашон баҳси молумулкӣ вуҷуд надоштааст. Аз суд хоҳиш намудааст, ки ақди никоҳи ӯ Ҳ.М.Р. ва ҷавобгар Ҳ.Ҳ.М. ки санаи 7 июни соли 2006, таҳти №70 дар Ҷамоати шаҳраки шаҳри Исфара ба қайд гирифта шудааст, бе додани муҳлати оштишавӣ бекор карда шавад.
Даъвои Ҳ.М.Р. бо ҷавобгарии Ҳ.Ҳ.М. дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, рад карда шуд.
Ҷ.З. МУРОДЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара
* * *
МУСОИДАТ БА ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ
Суди шаҳри Исфара сокини шаҳр Ҳ.Х.А. (санаи таваллудаш 25-уми декабри соли 1962, таҳсилоташ миёнаи техникӣ, оиладор, муваққатан бекор)-ро барои мусоидат ба фаъолияти ташкилоти экстремистӣ гунаҳкор донист.
Тибқи маълумоти суд, номбурда соли 2021 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан дар Федератсияи Россия барномаҳои интернетии марбут ба ҳаракати ҷамъиятии «Гурӯҳи-24»-ро, ки фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардидааст, пайгирӣ намуда, ба суратҳисоби яке аз аъзои ин ташкилот маблағи пулӣ интиқол додааст.
Дар рафти мурофиаи судӣ муайян гардид, ки айбдоршаванда 1000 рубли русиро ба шахсе равон кардааст, ки барои содир намудани ҷинояти вазнин дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
Суд кирдори мазкурро ҳамчун мусоидат ба фаъолияти ташкилоти экстремистӣ арзёбӣ намуда, бо моддаи 307³ қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро гунаҳкор эътироф кард.
Бо ҳукми суд Ҳ.Х.А. ба муҳлати 6 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр маҳкум гардид.
М. АБДУЛЛОЗОДА,
иҷрокунандаи вазифаи
раиси суди шаҳри Исфара.
* * *
МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ
МАВОДИ НАШЪАДОР
Суди шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд Ю.Ф.Т., сокини шаҳри Исфара, санаи таваллудаш 11-уми декабри соли 1987, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор, соҳиби чор фарзанд, расман кор намекунад, қаблан бо ҳукми суди шаҳри Конибодом аз 28-уми августи соли 2025 бо моддаи 200 қисми 4 бандҳои “г, д” ва 32 қисми 3-289 қисми 5 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати нуздаҳ сол, бо адои ҷазо дар коллонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъин карда шудааст, бо айбномаи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор баррасӣ намуд.
Суд муайян кард, ки Ю.Ф.Т. моҳи январи соли 2025 аз «Шамс» ном шахси шахсияташ ба тафтишот номаълум, ғайриқонунӣ як миқдор маводи мухаддирро соҳиб гашта, онро бо мақсади дар оянда ба соҳибияти каси дигар додан, дар манзили истиқоматии модараш, воқеъ дар суроғаи шаҳри Исфара, маҳаллаи Баҳор нигоҳ медошт.
Санаи 24-уми июли соли 2025, соати 15:30 дақиқа дар асоси маълумоти оперативии ҷойдошта, зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии Ю.Ф.Т. аз дохили яке аз ҳуҷраҳо, аз болои сандуқи оҳанин як халтаи селофанӣ, ки дар дохилаш як миқдор маводи фишурдаи рангаш ҷигарии бӯйи ғализдошта буд, дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Мувофиқи маълумотномаи экспертизаи судӣ-кимиёвӣ ШТК РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти №1443 аз 24-уми июли соли 2025 маводи фишурдашудаи рангаш ҷигарии бӯйи ғализдошта, ки зимни кофтукови хонаи истиқоматии шаҳрванд Ю.Ф.Т. дарёфт ва гирифта шудааст, воситаи нашъадори навъи “Ҳашиш” буда, вазни холиси он 112,34 граммро ташкил додааст.
Зимни муҳокимаи судӣ айбдоршаванда гуноҳи худро пурра эътироф намуда, аз кирдори содирнамудааш пушаймонӣ изҳор кардааст.
Суд амалҳои Ю.Ф.Т.-ро тибқи моддаи 200 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст намуда, ӯро гунаҳкор донист.
Бо ҳукми суд нисбати судшаванда ҷазо дар намуди 6 сол маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардид.
Аммо бо дарназардошти он, ки номбурда қаблан бо ҳукми дигари суд ба 19 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда буд, тибқи талаботи қонун ҷазоҳо қисман зам гардида, ҷазои ниҳоӣ 21 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт муайян карда шуд.
Ҷ.З. МУРОДЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара
* * *
БЕПАРВОӢ НИСБАТ БА ҚОНУНИ ТАНЗИМ
Суди шаҳри Исфара парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Э.Х.Н. зодаи шаҳри Исфара, миллаташ тоҷик, оиладор фарзанд надорад, таҳсилоташ миёна, расман кор намекунад, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Кӯлканд бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуд.
Комиссияи доимии танзими ҷашну маросими Мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дар ҳудуди шаҳри Исфара марвиди санҷиш қарор дод. Зимни санҷиши мазкур муайян гардид, ки номбурда талаботиқисми 1 моддаи 18 Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон намудааст. Чунончӣ дар вақти гузаронидани маъракаи тӯйи фотиҳакунон ва оши тӯйи домодию арусии ӯ ва Р.М. бо оростани дастархон ва гузоштани як намуди таом бо зиёда аз 16 то 18 нафар хешу таборон ва ҳамсояҳояш гузаронидааст.
Дар вақти гузаронидани маъракаи мазкур ӯ иҷозатнома ва тавсияномаи мақомоти ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзим ва ҷашну маросимро нагирифтааст.
Бинобар ин Э.Х.Н. бо ин ҳаракатҳояш талаботи қисми 1 моддаи 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳти №2048 аз 20-уми июни соли 2024-ро вайрон намуда, ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар қисми 1 моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудааст.
Э.Х.Н. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 750 (ҳафсаду панҷоҳ) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
М.С. РАҲМОНЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара.
* * *
БАРРАСИИ ҶИНОЯТИ ҚАЛЛОБӢ
Дар маҷлиси ошкорои судии Суди шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванд А.А.С. (санаи таваллудаш 18 марти соли 1987, таҳсилоташ миёна, расман кор намекунад, оиладор соҳиби 2 фарзанд, қаблан суд шудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара) баррасӣ шуд.
Тибқи маводи парванда, суд муайян намуд, ки моҳи майи соли 2025 судшаванда бо роҳи фиреб ва сӯиистифода аз боварии шаҳрванд А.А.А. як сар чорвои калони шохдорро ба даст оварда, баъдан онро ба шахси дигар фурӯхта, маблағи бадастовардаро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст. Дар натиҷа ба ҷабрдида ба маблағи 13 ҳазор сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.
Дар рафти муҳокимаи судӣ судшаванда айби худро пурра эътироф намуда, аз кирдори содиркардааш изҳори пушаймонӣ кард ва хоҳиш намуд, ки парванда бо тартиби соддакардашуда баррасӣ гардад. Бо розигии тарафҳо мурофиа бе таҳқиқи иловагии далелҳо баргузор шуд.
Суд бо назардошти ҳолатҳои парванда, аз ҷумла пурра барқарор гардидани зарари расонидашуда, эътирофи гуноҳ, пушаймонии судшаванда ва набудани даъвои ҷабрдида, кирдори ӯро тибқи моддаи 247 қисми 2 банди «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб баҳогузорӣ намуд.
Бо ҳукми суд шаҳрванд А.А. гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 30 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат таъин гардид. Ҳамзамон судшаванда ба муҳлати ду сол аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ маҳрум карда шуд.
М.С. РАҲМОНЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара.
* * *
АЛИМЕНТ
БО ҚАРОРИ СУД
Суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар ҳайати раисикунанда Муродзода Ҷ.З., бо котибии Аюбзода А.З., дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди шаҳри Исфара, парвандаи оилавӣ бо даъвои Қ.Ӯ.Ш. бо ҷавобгарии Қ.Х.Ҳ. дар бораи рӯёнидани алимент ба тариқи устувор барои таъминоти фарзанди ноболиғ ва алимент барои таъминоти ҳамсар то ба синни сесолагӣ расидани фарзандро баррасӣ намуд.
Даъвогар Қ.Ӯ.Ш. бо аризаи номбурда ба суд муроҷиат намуда, даъвояшро бо он асоснок намудааст, ки ӯ бо ҷавобгар Қ.Х.Ҳ. санаи 17-уми декабри соли 2022 бо расмӣ намудани ақди никоҳ оила барпо намуда, ақди никоҳашонро дар Ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара таҳти №148 ба қайд гирифтаанд.
Аз зиндагии якҷояашон соҳиби як фарзанд Қ.Ҳ.Х., санаи таваллудаш 14-уми августи соли 2023 шудаанд, ки дар таъмин ва тарбияаш қарор доштааст. Аз рӯзҳои авали зиндагии якҷоя муносибаташон бо якдигар хуб будааст. Баъдан муносибати ҷавобгар бо ӯ тағйир ёфта, аз моҳи ноябри соли 2024 аз ҳамдигар ҷудо зиндагӣ карда истодаанд. Ҷавобгар бо хоҳиши худ барои тарбия ва таъминоти фарзанди муштаракашон ба ӯ ихтиёран кӯмак намерасонидааст. Ӯ дар таъминоти фарзандаш танқисӣ кашида истодааст. Ҷавобгар дар шаҳри Ростови Федератсияи Россия ҷойи кори доимӣ дошта, даромади хуб ба даст меовардааст. Байни ӯ ва ҷавобгар созишнома оид ба пардохти алимент баста нашудааст.
Даъвои Қ.Ӯ.Ш бо ҷавобгарии Қ.Х.Ҳ. дар бораи рӯёнидани алимент ба маблағи устувор барои таъминоти фарзанди ноболиғ ва алимент барои таъминоти ҳамсар то ба синни сесолагӣ расидани фарзанд қисман қонеъ карда шавад.
Аз ҳисоби Қ.Х.Ҳ., сокини шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ ба фоидаи Қ.Ӯ.Ш барои таъминоти як фарзанди ноболиғаш Қ.Ҳ.Х. ҳар моҳ бо тариқи устувор ба андозаи 200 (дусад) сомонӣ, аз 25-уми декабри соли 2025 сар карда, то ба балоғат расидани кӯдак алимент ситонида шавад.
Аз ҳисоби Қ.Х.Ҳ. ба фоидаи Қ.Ӯ.Ш то ба синни сесолагӣ расидани фарзанди муштаракашон ҳар моҳ бо тариқи устувор ба андозаи 50 (панҷоҳ) сомонӣ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳамин ҳалнома сар карда алимент ситонида шавад.
Аз ҳисоби Қ.Х.Ҳ. ба андозаи 90 (навад) сомонӣ боҷи давлатӣ ситонида шуд.
* * *
ҶАРИМА
БАРОИ ЗӮРОВАРӢ
ДАР ОИЛА
Судяи суди шаҳри Исфара Муродзода Ҷ.З., дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди шаҳри Исфара, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Ӯ.О.А. миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, нафақахӯр, оиладор ва соҳиби ду фарзанд, сокини шаҳри Исфара бо моддаи 931 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда.
Ҳуқуқвайронкунанда Ӯ.О.А. талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз 19 марти соли 2013 таҳти №954-ро риоя накарда, санаи 15-уми декабри соли 2025, тахминан соатҳои 08:30 дақиқа дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Навгилем ҳамсараш Ӯ.Т.Ӯ. суханони қабеҳ ва ноҷо гуфта, шаъну шарафашро паст намудааст, ки боиси содиршавии кирдори қасдонаи дорои хусусияти руҳӣ гардидааст.
Ӯ.О.А. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 931 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 225 (дусаду биступанҷ) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Ҷ.З.МУРОДЗОДА, судяи суди шаҳри Исфара.
Суди шаҳри Исфара 