Парчами давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқӣ

Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлат ба ҳисоб меравад. Ин рамз нишонаи соҳибихтиёрӣ, иттиҳоди миллат ва ваҳдати давлат мебошад. Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатӣ», мақоми ҳуқуқӣ ва ҳуқуқҳои марбут ба парчамро муайян мекунанд ва ҳифзи онро вазифаи ҳамаи шаҳрвандон ва мақомоти давлатӣ қарор медиҳанд. Аз нигоҳи судӣ, парчами давлатӣ объекти ҳифзи қонунӣ ба ҳисоб меравад ва ҳама гуна беэҳтиромӣ ё вайрон кардани он ҳамчун амалҳои ғайриқонунӣ арзёбӣ мешавад.

Моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатӣ» таъкид мекунад, ки парчам бояд дар ҳама ҳолатҳо эҳтиром ва арҷгузорӣ карда шавад. Судҳо дар амалияи худ ин принсипро қатъӣ риоя мекунанд ва ҳар гуна вайронкунии парчамро тибқи қонун таҳқиқ намуда, чораҳои дахлдорро татбиқ менамоянд.

Дар таҷрибаи судӣ қайд шудааст, ки истифодаи номақбули парчам, аз қабили сӯхтан, харошидан, иваз кардани шакл ё истифодаи он бо мақсадҳои таблиғотӣ ва сиёсӣ, ҳамчун вайронкунии қонун арзёбӣ мешавад. Судҳо чунин амалҳоро боназардошти моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ намуда, ҷазои дахлдор таъин мекунанд. Ин амалҳо на танҳо ҷазо, балки воситаи тарбиявӣ барои баланд бардоштани эҳтироми шаҳрвандон ба рамзҳои давлатӣ мебошанд.

Ҳифзи Парчами давлатӣ аз нигоҳи судӣ ҳамчунин аҳамияти фарҳангӣ ва тарбиявӣ дорад. Судҳо ва мақомоти давлатӣ мекӯшанд, ки аҳли ҷомеа ба Парчами давлатӣ эҳтироми воқеӣ дошта бошад ва истифодаи он ҳамеша бо тарзи дуруст ва мувофиқи қонун сурат гирад. Ин амал ҳисси ватандорӣ ва муҳаббат ба давлатро дар миёни шаҳрвандон тақвият мебахшад ва фарҳанги арҷгузории рамзҳои давлатиро эҳё мекунад.

Аз ин рӯ, аз нигоҳи судӣ Парчами давлатӣ на танҳо рамзи давлат ва миллат аст, балки объекти ҳифзшавандаи қонунӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар касе, ки ба парчами давлатӣ беэҳтиромӣ мекунад, дар назди қонун масъул мебошад ва суд вазифадор аст, ки ҳуқуқи Парчами давлатӣ ва эҳтироми онро ҳифз намояд. Ҳифзи парчами давлатӣ ҳамчунин барномаи тарбиявӣ ва фарҳангии ҷомеаро тақвият дода, эҳсоси ифтихор ва масъулиятро дар шаҳрвандон тақвият мебахшад.

Пристави судии суди шаҳри Исфара:

Давронӣ С.Ш.