Мулоқоти судманд

Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 апрели соли 2026 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварда, дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бо фаъолон, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ходимони дин, маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мулоқоти судманд баргузор намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими худшиносии миллӣ, пешгирии ифротгароӣ миёни ҷавонон, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангии ҷомеа мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар ин мулоқот иҷрокунандаи вазифаи раиси суд Абдуллозода М. иштирок намуд.