Ҷазо барои волидайн дар натиҷаи нокифоягии тарбияи фарзанд
Ноболиғ М., ки 17 сола мебошад, бо ҳамроҳии дигар ноболиғон дар ҷои ҷамъиятӣ зӯроварӣ ва ҷанҷол кардаанд. Бояд тазаккур дод, ки тибқи банди 16 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2024, № 2049 «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кўдак» падару модар дар тарбияи кўдак уҳдадоранд кирдорҳои зидди ҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромии ҷомеа, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кўча, хиёбон, майдон, ҷойҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳ, манзили истиқоматӣ, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати харобкоронаи кўдакро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд.
Нисбати волидайни ин кўдакон бо моддаи 90 қисми 3 сархати чоруми Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст, ки он ҷавобгариро барои аз тарафи падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кўдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кўдак, инчунин шахси воқеии дигар, ки кўдак воқеан таҳти тарбияи ў қарор дорад, назорат накардани кўдак, ки дар натиҷа боиси аз ҷониби ў истифода шудани зўроварӣ нисбат ба дигар шахсон мегардад, ҳангоми набудани аломатҳои таркиби ҷиноят пешбинӣ менамояд. Дар натиҷа аз ҷониби суд нисбати волидайн ҷазои ҷарима ба андозаи бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 1500 сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шуд.
Муовини Раиси суди шаҳри Исфара:
Низомӣ Ш.А.
Суди шаҳри Исфара 