Аёдати кӯдакон

Бо иқдомоти иҷрокунандаи вазифаи раиси суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. дар арафаи иди Саиди Фитр аёдати тарбиятгирандагони мактаби бачагонаи рақами 1 Ҷамоати шаҳраки Шуроби шаҳри Исфара ба ҷо оварда шуд.

Дар ин рӯз барои 20 нафар кӯдакон дастархони идона густурда шуда, ҳамчунин эҳтиёҷоти кӯдакон ҷиҳати истифодабарии гигиенаи шахсӣ лавозимоти зарурӣ харидорӣ карда шуд.
Масъули сомона: Давронӣ С. Ш.