Мурофиаи сайёри судӣ

Санаи 18 майи соли 2026 дар муассисаи таълимии миёнаи умумии рақами 23- и Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара таҳти раисии судяи суди шаҳри Исфара Маликзода Нуриддин Ғиёс мурофиаи сайёри судӣ вобаста ба баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷистон гузаронида шуд. Зимни гузаронида мурофиа чаҳор парванда баррасӣ карда шуда нисбати ҳуқуқвайронкунандагон дар доираи қонун ҷазоҳои сазовор таъин карда шуд. Баъдан аз тарафи суд бо мақсади мусоидат намудан ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хонандагон ва муаллимон мафҳум ва моҳияти қонунҳои амалкунанда ва қонунҳои миллӣ тавзеҳ дода шуда, ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.
Масъули сомона: Давронӣ С.Ш.