Маърифати ҳуқуқӣ
Муомилоти ғайриқонунии асъор ҷазо дорад!
Дар шароити имрӯза танзими бозори асъор ва риояитартиби муқарраршудаи амалиёти бонкӣ яке аз самтҳоимуҳими ҳифзи суботи иқтисодӣ ба шумор меравад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб менамояд, ки ҳамагуна муомилот бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла хариду фурӯш ваивази он, танҳо дар нуқтаҳои расмии мубодилаи асъор ваташкилотҳои қарзӣ сурат гирад.
Бо вуҷуди ин, ҳолатҳои кӯшиши ба даст овардани фоидаизуд аз роҳи мубодилаи ғайриқонунии асъор дар ҷойҳоиҷамъиятӣ ва бозорҳо ҳанӯз ҳам ба мушоҳида мерасанд. Чунин амалҳо тибқи моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуқуқвайронкунӣ эътироф шуда, ҷавобгарии ҷиддиро ба думбол доранд. Барои содир намудани ин кирдор, қонунгузор ҷаримаҳои ҳангуфтро ба андозаи аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунӣ, яъне худи асъорро, пешбинӣ намудааст.
Таҷрибаи судии шаҳри Исфара нишон медиҳад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт назорати қатъӣ бурда, ҳамагуна ҳолатҳои муомилоти ғайриқонуниро ошкор ва пешгирӣ менамоянд. Шаҳрвандонро лозим аст, ки барои ҳифзи маблағҳои худ ва пешгирӣ аз муҷозоти маъмурӣ, танҳо аз хизматрасонии бонкҳои расмӣ истифода баранд. Ин на танҳо амнияти шахсии маблағгузориро кафолат медиҳад, балки ба устувории низоми молиявии кишвар низ мусоидат менамояд.
2. Масъулияти падару модар барои дарсгурезии фарзанд
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», таъмини иштироки фарзанд дар дарсҳо вазифаи бевоситаи волидайн маҳсуб меёбад. Назорати доимии мақомоти прокуратура ва милитсия дар шаҳри Исфара нишон медиҳад, ки бесабаб аз дарсҳо дурмондани ноболиғон боиси ҷавобгарии маъмурии падару модарон мегардад.
Тибқи моддаи 90 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, агар хонанда дар як чоряк зиёда аз 50 соати дарсиро бе сабаби узрнок гузаронад, нисбати волидайни ӯ ҷаримаи пулӣ таъин карда мешавад. Масалан, чанде пеш суди шаҳри Исфара нисбати як сокини маҳаллӣ барои 56 соат аз дарсҳо ғоиб мондани фарзандаш ба андозаи 10 нишондиҳанда (780 сомонӣ) ҷарима таъин намуд.
Волидайнро лозим аст, ки ба раванди таълими фарзандони худ бетараф набошанд. Зеро дарсгурезии кӯдакон на танҳо боиси коҳиши сатҳи дониши онҳо, балки боиси зиёни молиявии оила мегардад. Танҳо ҳамкории зичи оила ва мактаб метавонад ояндаи дурахшони насли наврасро кафолат диҳад.
3. «Дилсӯзии» бемаврид ё ҷаримаи 15 000 сомонӣ: Дарси ибрат барои ронандагон
Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ танҳо барои бехатарии ҷисмонӣ нестанд, балки риоя накардани онҳо метавонад боиси зарари калони молиявӣ ва маҳрум шудан аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ гардад. Яке аз хатоҳои маъмул, ки ронандагон содир мекунанд— ин вогузор намудани идораи воситаи нақлиёт ба шахси беҳуқуқ мебошад.
Ҳодиса дар роҳи Исфара — Конибодом Чанде пеш суди шаҳри Исфара парвандаи маъмуриро нисбати шаҳрванд Б.баррасӣ намуд. Ҳодиса чунин сурат гирифтааст: ронанда ҳангоми ҳаракат бо автомобили тамғаи «Опел-Астра» дар роҳи автомобилгарди шаҳри Конибодом, бо хоҳиши мусофираш (ки ҳуқуқи ронандагӣ надошт), идораи мошинро ба ӯ месупорад. Ин «илтифот» аз чашми кормандони БДА дур намонд.
Ҷавобгарӣ: Қонун чӣ мегӯяд? Кирдори мазкур мувофиқи моддаи 336 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст карда мешавад. Ин модда ҷавобгарии маъмуриро барои ба шахсе, ки ҳуқуқи ронандагӣ надорад вогузоштани идоракунии воситаи наќлиёт, муќаррар менамояд.
Натиҷаи мурофиаи судӣ Суд ҳамаи ҳолатҳо, аз ҷумла пушаймонии ронанда ва бори аввал содир шудани ҳуқуқвайронкуниро ба инобат гирифт. Бо вуҷуди ин, талаботи қонун қатъист. Мувофиқи қарори суд нисбати ҳуқуқвайронкунанда чунин ҷазо таъин гардид:
Хулоса ва ҳушдор Ин ҳодиса бояд барои ҳар як ронанда дарси ибрат бошад. Пеш аз он ки калиди мошинро ба дӯст, аъзои оила ё шиносатон диҳед, ҳатман мавҷуд будани шаҳодатномаи ронандагии ӯро санҷед.
Дар хотир доред: як лаҳзаи беэҳтиётӣ ё «хушхоҳии» ноҷо метавонад буҷаи оилаи шуморо ба маблағи калон зарардор кунад ва шуморо барои солҳои зиёд аз имконияти рондани нақлиёт маҳрум созад.
Дар роҳҳо ҳушёр бошед ва қонунро эҳтиром намоед!
4. Ронандагӣ дар ҳолати мастӣ: Ҷазои сангин ва 15 шабонарӯз ҳабс
Амнияти роҳ ва ҳаёти шаҳрвандон аз масъулиятшиносии ҳаряк ронанда вобаста аст. Мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки ронандагон дидаю дониста дар ҳолати мастӣ вситаи наќлиётро идора мекунанд ва бо ин амали худ ҳаёти пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракатро зери хатар мегузоранд.
Ҳодиса ва тафтишот Чанде пеш дар суди шаҳри Исфара парвандаи маъмурӣ нисбати сокини Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ, шаҳраанд А. баррасӣ гардид. Мавсуф санаи 24 январи соли ҷорӣ бо автомобили тамғаи «Мерседес Бенс» аз ҷониби кормандони милитсия боздошт шуда, муоинаи тиббӣ собит намуд, ки ӯ дар ҳолати мастӣ қарор дошт. Ронанда дар мурофиаи судӣ иқрор шуд, ки пеш аз идораи воситаи нақлиёт нӯшокии спиртии «арақ» истеъмол кардааст.
Қарори суд ва дарси ибрат Суд бо дарназардошти он, ки ронанда амнияти ҷомеаро зери хатар гузоштааст, нисбати ӯ ҷазои қатъӣ таъин намуд:
Хулоса Идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ танҳо як ҳуқуқвайронкунии оддӣ нест, балки ҷиноятест ба зидди амнияти ҷамъиятӣ. Ронандагон бояд дарк кунанд, ки як лаҳзаи кайфу сафо метавонад боиси фоҷиаи ҷуброннопазир, маҳрумият аз озодӣ ва аз даст додани ҳуқуқи ронандагӣ барои муҳлати тӯлонӣ гардад.
Ҳушёр бошед! Ҳаёти худро ва дигаронро зери хатарнагузоред.
Муовини раиси суд: Низомӣ Ш.А.
Суди шаҳри Исфара 