АХБОРИ СУДӢ

СУД ДАЪВОИ БЕКОР КАРДАНИ АҚДИ НИКОҲРО РАД НАМУД

 Суди шаҳри Исфара парвандаи оилавиро бодаъвои шаҳрванд Ҳ.М.Р. нисбати шавҳараш Ҳ.Ҳ.М. дар бораи бекор кардани ақди никоҳ баррасӣ намуд.

Дар маҷлиси судӣ даъвогар ба мазмуни аризаидаъвогӣ ҳаммазмун баёнот дода, афзуд, ки ӯ боҷавобгар Ҳ.Ҳ.М. соли 2006 бо расмӣ намудани ақдиникоҳ оила барпо намуда, давоми зиндагии якҷоя, то соли 2018 соҳиби чор фарзанд шудаанд. Бинобарякдигарнофаҳмӣ ҳашт сол инҷониб аз ҳамдигар ҷудозиндагӣ карда истодаанд ва масъалаи таъминотифарзандони муштаракашон дар асоси қарори суди шаҳрӣ ҳалли худро ёфтааст. Алъон байни ӯ ваҷавобгар баҳси молумулкӣ вуҷуд надорад. Барқарорнамудани оилаашон ғайриимкон буда, ӯ дигарнамехоҳад бо ҷавобгар якҷоя зиндагӣ кунад.  

Аз суд хоҳиш намуд, ки ақди никоҳаш бо ҷавобгарбе додани муҳлати оштишавӣ бекор карда шавад.

Ҷавобгар Ҳ.Ҳ.М. дар навбати худ далелҳои дар аризаи даъвогӣ овардашударо қисман эътирофнамуда, ба суд баёнот дод, ки сабаби парокандашудани оилаашон бо ҳам мувофиқ наомаданихислату хӯяшон мебошад. Баъд аз пароканда шуданиоила ӯ соли 2022 бо дигар зан тариқи никоҳимусулмонӣ оила барпо намуда, алҳол якҷоя зиндагӣкарда истодаанд.

Ӯ бо аризаи даъвогӣ шинос буда, барои бекоркардани ақди никоҳаш бо даъвогар розӣ аст. Масъалаи таъминоти фарзандонашон дар асосиқонун ҳалли худро ёфтааст. Байнашон баҳсимолумулкӣ вуҷуд надорад.  

Ҷавобгар низ барои қатъи никоҳ розигӣ изҳоркард.

Бо вуҷуди ин, зимни баррасии парванда суд ба хулоса омад, ки тарафҳо оид ба ғайриимкон буданибарқарор намудани оила далелҳои кофиро пешниҳоднакардаанд. Суд бар он назар аст, ки оила пуррапароканда нашудаву муносибатҳои оилавӣметавонанд барқарор шаванд.

Бо дарназардошти талаботи Кодекси оилаиҶумҳурии Тоҷикистон ва ҳимояи оила ҳамчун асосиҷамъият, суд даъвои бекор кардани ақди никоҳро рад намуд.

Тибқи қонун тарафҳо ҳуқуқ доранд баъди се моҳипас аз рад шудани даъво дубора ба суд муроҷиатнамоянд.

ОҚИБАТИ ТАЪЛИМИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ДИНӢ

Суди шаҳри Исфара парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати шаҳрванди 21-сола Ҳ.Ҳ.Н. (миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, расман корнамекунад, муҷаррад, сокини Ҷамоати деҳоти Сурх) баррасӣ намуда, муайян кард, ки ӯ аз соли 2023 то инҷониб тавассути шабакаи иҷтимоии «Instagram«, аз саҳифаи шахсиаш «hikmatulloh283» бидуни иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ ба як қатор шаҳрвандоназ рӯи видеонаворҳо ва навиштаҷот ба монандиМавлавӣ Аҳмад Фирӯз”, “Ясир Ал-Досир” “Нисораҳмад Аҳмадӣва ғайра ғайриқонунӣ таълимва тадриси динӣ дода, бо ин кирдори худ манфиатҳои давлат ва ҷамъиятро халалдор сохтааст.

Дар ҷараёни мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда ба гуноҳи худ пурра иқрор гардида, аз кирдори содирнамудааш пушаймонӣ изҳор намуд.

Бо дарназардошти ҳолатҳои сабуккунанда, аз ҷумла бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва пушаймонии гунаҳкор, суд Ҳ.Ҳ.Н.-ро бо моддаи474 иловаи 2 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 90 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 7020 сомонӣ таъин намуд.

 

МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ НАШЪАДОР

 Суди шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд Ю.Ф.Т., сокини шаҳри Исфара, санаи таваллудаш 11-уми декабри соли 1987, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, оиладор, соҳибичор фарзанд,  расман кор намекунад, қаблан боҳукми суди шаҳри Конибодом аз 28-уми августи соли 2025 бо моддаи 200 қисми 4 бандҳои “г, д” ва 32 қисми 3-289 қисми 5 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонгунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати нуздаҳсол, бо адои ҷазо дар коллонияҳои ислоҳии дороинизоми сахт таъин карда шудааст, бо айбномаимуомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорбаррасӣ намуд.

Суд муайян кард, ки Ю.Ф.Т. моҳи январи соли 2025 аз «Шамс» ном шахси шахсияташ ба тафтишот номаълум, ғайриқонунӣ як миқдор маводимухаддирро соҳиб гашта, онро бо мақсади дар ояндаба соҳибияти каси дигар додан, дар манзили истиқоматии модараш, воқеъ дар суроғаи шаҳри Исфара, маҳаллаи Баҳор нигоҳ медошт.

Санаи 24-уми июли соли 2025, соати 15:30 дақиқадар асоси маълумоти оперативии ҷойдошта, зимниазназаргузаронии манзили истиқоматии Ю.Ф.Т. аз дохили яке аз ҳуҷраҳо, аз болои сандуқи оҳанин як халтаи селофанӣ, ки дар дохилаш як миқдор маводифишурдаи рангаш ҷигарии бӯйи ғализдошта буд, дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Мувофиқи маълумотномаи экспертизаи судӣ-кимиёвӣ ШТК РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таҳти №1443 аз 24-уми июли соли 2025 маводи фишурдашудаи рангаш ҷигарии бӯйиғализдошта, ки зимни кофтукови хонаи истиқоматиишаҳрванд Ю.Ф.Т. дарёфт ва гирифта шудааст, воситаи нашъадори навъиҲашишбуда, вазнихолиси он 112,34 граммро ташкил додааст.

Зимни муҳокимаи судӣ айбдоршаванда гуноҳихудро пурра эътироф намуда, аз кирдорисодирнамудааш пушаймонӣ изҳор кардааст.

Суд амалҳои Ю.Ф.Т.-ро тибқи моддаи 200 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон банду бастнамуда, ӯро гунаҳкор донист.

Бо ҳукми суд нисбати судшаванда ҷазо дар намуди 6 сол маҳрум сохтан аз озодӣ таъин гардид.

Аммо бо дарназардошти он, ки номбурда қаблан бо ҳукми дигари суд ба 19 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шуда буд, тибқи талаботи қонун ҷазоҳо қисман зам гардида, ҷазои ниҳоӣ 21 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт муайян карда шуд.

АВБОШИИ НОБОЛИҒОН ДАР МАЙДОНИ ВАРЗИШӢ

 Суди шаҳри Исфара дар маҷлиси сайёри судӣпарвандаи ҷиноятиро нисбати ду ноболиғсокинони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ С.С.С. (санаи таваллудаш22-юми июли соли 2009, миллаташ тоҷик, хонандаисинфи 10-уми МБ “Контакт” дар шаҳри Исфара, қаблан суд нашудааст, ҷойи истиқоматаш Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ) ва В.М.У. (санаи таваллудаш 18-уми июли соли 2008, миллаташ тоҷик, шаҳрвандиҶумҳурии Тоҷикистон,  хонандаи синфи 11, МТМУ №58, қаблан суд нашудааст, ҷойи истиқоматашшаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ), ки ба авбошӣ айбдор мешуданд, баррасӣ намуд.

Тибқи маводи парванда, моҳи майи соли 2025 ҳангоми баргузории мусобиқаи футболи байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №58 ва №47 дар варзишгоҳи МТМУ №58 байни бозингарон баҳсу мунозира сар зада, ба ҷангу ҷанҷол мубаддал гардидааст. Дар натиҷа судшавандагон боистифода аз зӯроварӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбати иштирокчиён ва ҳозирин беэҳтиромӣ зоҳир кардаанд.

Дар рафти муҳокимаи судӣ ҳар ду судшавандаи ноболиғ гуноҳи худро пурра эътироф намуда, аз кирдори содирнамудаашон изҳори пушаймонӣ карданд. Ҷабрдидагон низ нисбати онҳо даъвои моддӣ ва маънавӣ пешниҳод накарда, хоҳиш намуданд, ки нисбаташон ҷазои сахт татбиқ карда нашавад.

Суд амалҳои ноболиғонро тибқи моддаи 237 қисми 2 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонавбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон, банду баст намуд.

Ҳангоми қабули қарор суд синну сол, яъне ноболиғбудани судшавандагон, худиқрорӣ, пушаймонӣ, тавсифномаи мусбӣ аз муассисаҳои таълимӣ ванабудани ҳолатҳои вазнинкунандаро ба назар гирифт.

Бо дарназардошти ҳолатҳои парванда ва талаботиқонунгузорӣ, суд ба хулоса омад, ки ислоҳи ноболиғон бидуни ҷудо кардан аз ҷамъият имконпазир мебошад ва нисбати онҳо чораҳои тарбиявии қонунӣ татбиқ гардиданд.

Ноболиғон С.С.С. ва В.М.У. бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба онҳо ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати сад (100) соат берун аз вақти таҳсил, дар як рӯз на зиёда аз ду соат, таъин карда шуд.

Ҷ.З. МУРОДЗОДА,

судяи суди шаҳри Исфара.

 

БА ТАҲСИЛИ ФАРЗАНД МОНЕЪ ШУД

 Суди шаҳри Исфара дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи ҷиноятиро бо айбдории судшавандаС.С.С. (санаи таваллудаш 20-уми марти соли 1980, таҳсилоташ миёнаи нопурра, оиладор, соҳиби дуфарзанд, истиқоматкунандаи Ҷамоати деҳоти Сурх)-ро бо моддаи 164 Кодекси ҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард, кишаҳрванд С.С.С. аз моҳи сентябри соли 2022 то моҳиянвари соли 2026 барои гирифтани маълумотимиёнаи умумии фарзанди ноболиғаш С.Ҳ.С. (таваллудаш 29 декабри соли 2010) монеъ шудааст, ки дар натиҷа номбурда аз барномаи таълимӣ 3352 соат, ки 639 рӯзро ташкил медиҳад, қафо мондааст.

Дар маҷлиси судӣ судшаванда С.С.С. ба айби нисбаташ эълонкардашуда худашро пурра айбдорҳисобида, ба суд чунин нишон дод, ки воқеан ӯ босабаби қарздор шуданаш моҳи сентябри соли 2023 ба муҳоҷират ба Федератсияи Россия рафта будааст ваоилаву фарзандонашро низ ҳамроҳи худ бурда будааст.

Фарзанди ноболиғаш С.Ҳ.С. баъди хатми синфи 5-и мактаби миёнаи таҳсилоти № 26-и таҳсилро идома надодааст. Онҳо моҳи октябри соли 2025 ба Тоҷикистон баргашта омадаанд. Ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия ошкор карда шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Айни ҳол духтараш ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабуктаъин карда шавад.
С.С.С. бо моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати (220) дусаду бист соат, на зиёда аз се соат берун аз кори асосӣ, таъин гардид.


М. АбДУЛЛОЗОДА,
и.в. раиси суди шаҳри Исфара.