Вохӯрии судманд


Бо мақсади иҷрои супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 марти соли 2024 баён доштанд, инчунин тамини иҷрои протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2025, тахти Nº3 дар самти пурзур намудани назорат ва пеширии холатхои конунвайронкунӣ дар низоми энергетикӣ ва супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани корхои фахмондадиҳӣ дар корхонаву муасиса ва ташкилотҳои дигар, дар байни аҳолӣ доир ба риояи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодаи дурусти самараноки қувваи барқ санаи 2 марти соли 2025 бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси суди шахри Исфара Абдуллозода М. ва кормандони дастгохи суди шаҳри Исфара дар МТМУ Nº15-и шахри Исфара вохурии судманд гузаронида шуд.

Зимни вохурӣ бо муаллимон ва талабагони МТМУ 15-и шаҳри Исфара иҷрокунандаи вазифаи раиси суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. дар мавзуҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин риоя қатъии  муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифода дурусти  самараноки неруи барқ ва дигар қонунҳои  амалкунанда баромад намуда. ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас баён намуданд.