Волоияти қонун ва мустақилияти суд

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун санади муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ва раҳнамо барои рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ, барои тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, бахусус низоми судӣ, аҳамияти басо бузург дорад. Дар Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва ҳуқуқии давлат муайян гардида, таҳкими волоияти қонун, адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун пояҳои устувори ҷомеаи демократӣ таъкид шуданд.

Аз нигоҳи судӣ, нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат ба такмили фаъолияти судҳо, баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба адолати судӣ равона гардидаанд. Пешвои миллат ба масъалаи мустақилияти ҳокимияти судӣ, масъулияти баланди судяҳо ва риояи қатъии меъёрҳои қонунгузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, таъкид карданд, ки адолат бояд ҳамеша дар меҳвари фаъолияти судҳо қарор дошта бошад.

Дар шаҳри Исфара Паёми Пешвои миллат ҳамчун дастури сарнавиштсоз барои фаъолияти минбаъдаи мақомоти судӣ пазируфта шуд. Мазмуну муҳтавои Паём дар маҷлисҳо ва вохӯриҳои корӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифта, вазифаҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи адолати судӣ муайян гардиданд. Аз ҷумла, таъмини баррасии одилона, шаффоф ва саривақтии парвандаҳо, эҳтироми ҳуқуқи тарафҳо ва татбиқи яксон ва дақиқи қонунҳо аз самтҳои асосии фаъолияти судҳо дониста шуданд.

Ҳамзамон, дар Паём ба баланд бардоштани сатҳи касбият ва маърифати ҳуқуқии судяҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст. Ин нукта барои судяҳои суди шаҳри Исфара низ бисёр муҳим буда, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба, такмили дониши ҳуқуқӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва риояи ахлоқи касбӣ ҳамчун омили асосии таҳкими адолати судӣ арзёбӣ мегардад. Судя бояд на танҳо донандаи хуби қонун, балки намунаи инсоф, поквиҷдонӣ ва масъулияти баланд бошад.

Яке аз паҳлуҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, ки аз нигоҳи судӣ аҳамияти вижа дорад, истифодаи технологияҳои муосир ва рақамикунонии равандҳои судӣ мебошад. Дар шаҳри Исфара низ тадриҷан ҷорӣ намудани ҳуҷҷатгузории электронӣ, сабти электронии мурофиаҳои судӣ ва беҳтар намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти судӣ ба роҳ монда шуда, ин иқдомҳо ба шаффофият, сарфаи вақт ва баланд шудани сифати хизматрасониҳои судӣ мусоидат менамоянд.

Илова бар ин, Паём ба масъалаи таҳкими қонуният, пешгирии қонуншиканиҳо ва таъмини адолати иҷтимоӣ диққати махсус медиҳад. Мақомоти ҳокияти судии шаҳри Исфара вазифадоранд, ки дар рӯҳияи ин дастуру супоришҳо фаъолият намуда, бо баррасии одилона ва беғаразонаи парвандаҳо ба ҳифзи манфиатҳои давлат, ҷомеа ва ҳар як шаҳрванд саҳми арзанда гузоранд. Ин раванд ба болоравии фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва таҳкими эътимоди мардум ба ҳокимияти судӣ заминаи устувор мегузорад.

Дар маҷмуъ, Паёми Пешвои миллат барои низоми судии шаҳри Исфара на танҳо як ҳуҷҷати сиёсӣ, балки барномаи мукаммали амал мебошад. Татбиқи пайваста ва босамари нуктаҳои дар Паём зикршуда ба таҳкими адолати судӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пойдории суботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа мусоидат намуда, заминаи боэътимод барои рушди устувори шаҳр ва кишвар фароҳам меорад.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси суд:

Абдуллозода М.