Қонун- паноҳгоҳи давлат аст
Сокини Исфара барои ворид кардани чорвои хориҷӣ бе назорати гумрук ҷарима шуд. Риояи қонун ва эҳтиром ба сарҳади давлатӣ яке аз меъёрҳои муҳими тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иқтисодии кишвар ба шумор меравад. Мутаассифона, баъзан шаҳрвандоне пайдо мешаванд, ки қоидаҳои гумрукиро сарфи назар карда, молу маҳсулотро бе назорати гумрукӣ аз марз ворид менамоянд.
Чунин ҳолат ахиран дар шаҳри Исфара ба қайд гирифта шуд. Бо қарори суд, нисбати сокини Ҷамоати деҳоти Кӯлканд – шаҳрванд Б. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардид.
Тавре аз маводи судӣ бармеояд, ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби кормандони Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лаккон муайян шудааст, ки номбурда 7 сар чорвои калони шохдор ва 4 сар гӯсолаи истеҳсоли Ҷумҳурии Қирғизистонро бе назорати гумрукӣ ворид намудааст.
Дар ҷараёни мурофиа шаҳрванд Б. иқрор шуд, ки чорворо аз як шиносаш шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон харидорӣ намуда, мехост бе ҳуҷҷатгузории гумрукӣ ба манзили зисташ интиқол диҳад. Суд ҳангоми баррасии парванда таъкид намуд, ки кирдори содиршуда ба талаботи қонунгузории гумрукӣ мухолифат дошта, ба амнияти иқтисодии давлат зарар мерасонад.
Дар асоси моддаи 577 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванд Б. гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷарима ба андозаи дукаратаи арзиши мол — 252 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат таъин гардид. Ҳамчунин, 11 сар чорвои воридшуда мусодира ва ба манфиати давлат гузаронида шуд.
Ҳамзамон мавриди зикр аст, ки ҳифзи сарҳад ва риояи қоидаҳои гумрукӣ на танҳо уҳдадории мақомоти дахлдор, балки вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар аст. Танҳо тавассути эҳтиром ба қонун мо метавонем амнияти иқтисодиву иҷтимоии давлатро таъмин намоем.
Муовини Раиси суди шаҳри Исфара:
Низомӣ Ш.А.
Суди шаҳри Исфара 