Вохӯриҳои судманди роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар ҳамиштирокии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Судяи суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд Маликзода Н.Ғ. бо ҳамроҳии кормандони дастгоҳи суд Раҳимзода Р.С. ва Давронӣ С.Ш., дар ҳамиштирокии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви кумита оид ба иқтисодият ва комуникатсия Нодирӣ Шаҳло Ҷалолиддин
Имрӯз, санаи 16 октябри соли 2025 бо мақсади иҷрои супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9 марти соли 2024 баён доштанд, инчунин таъмини иҷрои протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2025, таҳти № 3 дар самти пурзӯр намудани намудани назорат ва пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунӣ дар низоми энергетикӣ ва супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар корхонаву муассиса ва ташкилотҳои дигар, дар байни аҳолӣ доир ба риояи қатъии муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодаи дурусту самараноки неруи барқ санаи 8 октябри соли 2025 бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Исфара дар МТМУ № 6 ва Литсейи № 1-и шаҳри Исфара вохӯрии судманд гузаронида шуд.
Суратгузориш аз ҷараёни вохӯриҳо
Лаҳзаи баромади судя Маликзода Н.Ғ.
Хонандагони Литсейи № 1
Лаҳзаи баромади директори Литсейи № 1-и шаҳри Исфара — Нодирӣ Ш.Ҷ.
Дар ҷараёни вохӯрӣ бо омӯзгорон ва хонандагони Литсейи № 1-и шаҳри Исфара дар ҳамиштирокии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви кумита оид ба иқтисодият ва комуникатсия Нодирӣ Шаҳло Ҷалолиддин, судяи суди шаҳри Исфара Маликзода Н.Ғ. дар мавзӯи ташаккули маънавиёти солиму созанда, сарҷамъона мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла экстремизму терроризм ва хурофотпарастӣ, мафҳуми моддаҳои 90 ва 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» баромад намуда, ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас баён намуданд.
Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ бо омӯзгорон ва хонандагони МТМУ № 6-и шаҳри Исфара муовини якуми раиси суди шаҳри Исфара Абдуллозода М., судя Шарифзода М.М., кормандони Салимов З., Аюбзода А. ва Сатторова Н. дар мавзӯҳои зикргардида, риояи қатъии муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодаи дурусту самараноки неруи барқ ва дигар қонунҳои амалкунанда баромад намуда, ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас баён намуданд.
Муовини якуми раиси суд Абдуллозода М., судя Шарифзода М.М.
ва кормандони дастгоҳи суд зимни вохӯрӣ
Масъули сомонаи суд,
ДАВРОНӢ С.Ш.