Вохӯрӣ дар Ҷамоати деҳоти Зумрад
Бо мақсади иҷрои супориши Суди Олии Ҷумҳурии ва таъмини иҷрои нақша чорабиниҳои дохилии суди шаҳри Исфара оид ба гузаронидани мулоқоту вохӯрӣ дар байни аҳолӣ доир ба риояи қатьии муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодаи дурусту самараноки неруи барқ санаи 2 октябри соли 2025 бо иштироки судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Исфара бо кормадони Ҷамоати деҳоти Зумради шаҳри Исфара ва сокинони Ҷамоат вохӯрии судманд гузаронида шуд.
Муовини якуми Раиси суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. ва судяи суди шаҳри Исфара Маликзода Н.Ғ. дар мавзуҳои риояи қатьии муқаррароти конунгузорӣ дар самти
истифодаи дурусту самараноки неруи барқ, дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои он

ва дигар қонунхои амалкунанда баромад намуда, ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас баён намуданд.
Масъули сомона:
Давронӣ С.Ш.
Суди шаҳри Исфара 