Вохӯрӣ бо донишҷӯёни Филиали донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара
Бо мақсади иҷрои супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷихати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар санаи 9 марти соли 2024 баён доштанд, инчунин таъмини иҷрои протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2025, таҳти Nº3 дар самти пурзӯр намудани назорат ва пешгирии ҳолатхои қонунвайронкунӣ дар низоми энергетикӣ ва супориши Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар корхонаву муасиса ва ташкилотҳои дигар, дар байни аҳолӣ доир ба риояи қатьии муқаррароти қонунгузорӣ дар самти истифодаи дурусту самараноки неруи барқ ва иҷро намудани нақшаи кории дохилиидоравии суди шаҳри Исфара санаи 19 сентябри соли 2025 бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Исфара бо донишҷӯёни Филиали донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара вохӯрии судманд гузаронида шуд.
Роҳбарияти суд муҳтарам Мирзозода М. зимни баромади худ аз арзишҳои хештаншиносӣ, Ватанпарварӣ ва сидқан дӯст доштани Ватан ишора намуда, вобаста ба ташвишовар будани сатҳи ҷинояткорӣ, вайроншавии оилаҳои ҷавон ва қонунҳои миллӣ баромад намуд.
Зимни вохӯрӣ судяи суди шаҳри Исфара Раҳмонзода М.С. бо мақсади пурзӯр намудани корҳои амалӣ бо мардум дар самти ташаккули маънавиёти солиму созанда, сарҷамъона мубориза бурдан бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм баромад намуд.
Ҳамчунин, муовини якуми раиси суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. дар мавзуи риояи қатьии муқаррароти конунгузорӣ дар самти
истифодаи дурусту самараноки неруи барқ баромад намуда, ба саволҳои иштироккунандагон ҷавобҳои мушаххас баён намуданд.
Масъули сомона:
Давронӣ С.Ш.