ХУШУНАТИ ОИЛАВӢ ВА РАСОНИДАНИ ЗАРАРИ МИЁНА БА САЛОМАТИИ ЗАН

Суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд дар мурофиаи ошкорои судӣ санаи 10 июли соли 2025 парвандаи ҷиноятиро нисбати сокини 44 солаи Ҷамоати деҳоти Кӯлканд Ҳ.А.А. (таҳсилоташ миёна, оиладор, соҳиби ду нафар фарзанд, расман кор намекунад) бо моддаи 111 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, муайян кард, ки ӯ санаи 25 майи соли 2025, дар фарогирии соати 10:30 дақиқа дар дохили ҳуҷраи манзили истиқоматиаш бо завҷааш Ҳ.М.А. бе асосҳои кофӣ муноқиша намуда, ӯро қасдан бо дасту пой латукӯб намуда, ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи миёна расонидааст. Ҳ.М.А. дар пайи ҷароҳатбардорӣ дар шуъбаи осебшиносии беморхонаи марказии шаҳр бистарӣ шудааст.
Мувофиқи хулосаи эксперти тиббӣ-судии шаҳр ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаи шаҳрванд Ҳ.М.А. дар намуди шикасти пӯшидаи қабурғаҳои 5-6-7-8-9-10 аз чап ва қабурғаи 7-ум аз рост бо латхӯрии шуш ва эмфиземаи зери пӯсти аз чап, бо аломати вайроншавии дарозмуддати саломатӣ (зиёда аз 21 шабонарӯз) ҳамчун зарари миёнаи ба саломатӣ расонидашуда мансуб дониста мешаванд.
Суд Ҳ.А.А.-ро дар содир намудани ҷинояти дар моддаи 111 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати 2 (ду) сол дар ҷойи кори маҳкумшуда ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар маҳалли истиқомати маҳкумшуда, бо нигоҳ доштани 15 фоизи музди меҳнат ба фоидаи давлат таъин намуд.
Маликзода Н.Ғ,
Судяи суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд