ВАҲДАТ — БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ
Дар тамоми давраҳои таърих халқи тоҷик маҳз бо ваҳдату фарҳанги воло бақои хешро таъмин кардааст. Вале дар замони соҳибистиқлолии кишвар ин вожа муҳимияти хоссаро касб намуд.
Дар солҳои нахустини истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилӣ шурўъ гардида, кишвар қариб ба вартаи нобудӣ расида, ҷомеа ба гурӯҳҳо, маҳалҳо, созмонҳо тақсим шуда, сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардиданд. Дар натиҷаи низоъҳои дохилӣ даҳҳо шаҳру навоҳӣ, деҳаю шаҳракҳо хароб гардиданд, даҳҳо ҳазор одамон қурбон шуданд. Тоҷикистон сафинаеро мемонд, ки дар миёни чор дарё тахтабанд шуда буд ва роҳи халосӣ меҷуст.
Дар ин давраи фалокатбору хеле ҳассос, нимаи дуюми моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва дар ин иҷлосияи таърихӣ тақдири кишвар ҳал гардид. Хушбахтона, ақли солим ғолиб омада, вакилон бо бовариву эътиқоди том ба вазифаи Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд. Дар ҳамин иҷлосияи тақдирсоз Сарвари тозаинтихобшудаи давлат ба назди Парчами Тоҷикистон омада, онро бўсида, сидқан гуфтанд: «Ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд!». Ҳамзамон иброз медоранд, ки: «Ман барои амну амонии халқу Ватани азизам ҳозирам ҷони худро нисор кунам!». Мавсуф ин суханонро бо бовариву эътиқод ва самимона баён карда, ба дили тамоми мардуми ба таҳлуқаафтода тухми умед пошиданд.
Дар чунин шароит роҳбарияти давлат бо эҳсоси масъулияти баланд барои ояндаи Ватан ва халқи Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузошт, ки бо истифода аз тамоми роҳу воситаҳои имконпазир харчӣ зудтар фазои сулҳу оромӣ ва амнияти миллиро дар саросари мамлакат таъмин созад. Маҳз бо чунин нияти нек ва масъулияти ватандорӣ Роҳбари хирадсолори мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кўшиш ба харҷ медоданд, ки ҳар як вохӯрии тарафҳои музокироти байни тоҷикон сулҳу субот ва фазои эътимоду боварӣ, сабру таҳаммул ва эҳтироми тарафайнро таҳким бахшад. Дар ҳамин замина миллати шарафманди тоҷик бори дигар ба ҷаҳониён собит намуд, ки дар ҳақиқат яке аз миллатҳои соҳибмаърифату мутамаддин ва хирадпешаву сулҳдӯст мебошад ва қодир аст, ки дар марҳилаҳои таърихиву тақдирсоз роҳи ҳалли осоиштаи мушкилоти бамиёномадаро пайдо намояд. Аз баракати сулҳу ваҳдат мо имкон пайдо намудем, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё созем.
Имрўз бидуни шакку шубҳа метавон гуфт, ки дар кишварамон барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамаи имкониятҳои сиёсиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудаанд. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки фармудаанд: «Бо дарназардошти он ки Ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар шахси бедордилу огоҳ, худшиносу ватандўст аз он иборат аст, ки Ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоят намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад».
Мусаллам аст, ки кормандони мақомоти судӣ дар фаъолияти худ, пеш аз ҳама, талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амал-кунанда, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор медиҳанд.
Имрўзҳо мо ҳамрадиф бо дигар қишрҳои ҷомеа вазифадорем, ки ҳадафу мақсад ва ғояҳои созандаву муттаҳидкунандаи Ваҳдати миллиро ба ҳар як шаҳрванд тарғиб кунем. Дар замири одамон арзишҳои волои инсонӣ – некию накӯкорӣ, фарҳангпарвариро ташаккул диҳем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем.
Барои тақвият ва устувории Ваҳдати миллӣ мебояд ҷавононро дар рўҳияи худогоҳиву ватандўстӣ, масъулиятшиносӣ, бунёд-кориву созандагӣ тарбия кард. Пеши роҳи гаравидани онҳоро ба созмонҳои экстремистиву террористӣ гирем, бегонапарастиву тақлидкориро аз қалби онҳо берун созем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки «Ваҳдати миллӣ омили муҳимтарини бақои миллат, ватандорӣ ва давлатдорӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон мебошад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бештар аз пештар ба мо Ваҳдат, муттаҳидӣ, якдигарфаҳмӣ зарур аст».
Ба ин хотир моро лозим аст, ки аз ҳарвақта дида муттаҳид бошем ва баҳри ободии Тоҷикистони маҳбуб дасти ҳам гирифта, хиште болои хиште гузорем.
Нигина ФАРҲОДЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара.