Тоҷикистон хонаи уммеди ҳар як тоҷики рӯи замин аст.
Таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик, ки баромӯхтаи тамоми дигар халқҳои ҷаҳон аст, аз маданияти давлатдорию сиёсат сар карда то одобу усул, урфу аънана ва фарҳангу ниёгонаш, як оинаест, ки дар худ тамоми ҳастии ин мардуми ориёинажодро таҷассум мекунад. Боиси сарбаландию сарфарозиҳои мост, ки мо чунин аслу насаб дорему бо ҳазор ифтихор худро ба ин гузаштаи бойи хеш мешиносем ва ояндаамонро бо ин шинохт бунёд мекунем.
Аз китобҳои қадимаи аҷдодии меросӣ ва даврони муосири адибону нависандагони тоҷик хондаем ва ба хуби медонем, ки тӯли ин асрҳои мавҷудият ба сари миллати тоҷик чи рӯзҳое омада буд. Чи азиятҳои сиёсию иҷтимоӣ кашида буду чи хиёнатҳое надида буд. Аммо дар баробари ҳамаи ин аз дастоварду муваффақият, комёбиҳою зафариятҳо ва сарбаландию сарфарозиҳо маҳрум набуд. Баракс сарфи назар аз ҳамаи душвориҳо дар ҳама давру замон аз адолат ноумед набуд ва мунтазам мубориза мебурд. Худшиносиву худогоҳии мардуми тоҷик ҳамеша силоҳи асосии онҳо буд ва бар ҳама қувваҳои муқобил ғолиб меомад.
Ҳамаи ин барои мо ворисони имрӯза дарси ибрат буда водоркунандаи он мебошад, ки давомдиҳандагони кори онҳо бошем.
Президенти мамлакат гуфта буданд, ки: — “Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.”
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати тозаистиқлол буд ва аз ҳар вақта бештар ба таваҷҷӯҳи мардумаш, ба садоқату вафодории онҳо эҳтиёҷ дошт. Аммо ҳазор афсӯс, ки баъзе аз мардуми он давра инро дарк накарданд ва эҳтироми миллати худ, давлати худ, халқи худ, Ватани худ, таърихи худро зери по карданд. Ин воқеаи пурдаҳшат боиси хиҷолати мардуми бономуси тоҷик буд ва онҳоро дар назди тамоми авлодони гузаштаи миллати тоҷик шармсор кард. Аммо барои онҳое, ки заррае ҳам ин фаҳмишҳоро дарк намекарданд ин фоҷиа як маъракаи талоши молу мулк буд, ки мисли хас ҳам арзиш надошт. Мегӯянд, ки: “Бори каҷ ба манзил намерасад.”. Дар ҳар давру замон фарзонагоне пайдо мешаванд, ки гиреҳоро мекушоянд ва роҳҳои бастаро во мекунанд. Чуноне, ки ин ҳодиса бо миллати мо шуд.
Имрӯз мову Шумо дар арафаи ҷашнгирии 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Давоми ин 33 соли дар назари таърих як мӯҳлати кам Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо роҳбарии Сарвари одилу оқил ба ҳамаи он ҳадафҳое, ки ҳанӯз соли 1992 дар наздаш гузошта буд расад.
Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳои худ ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон санаи 08 сентябри соли 2005 қайд карда буданд, ки: “….дар шароити равандҳои ҷаҳонишавӣ бояд халқу миллатҳо симои маънавии миллтӣ, аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи муқаддаси ҳар як миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад. Дар таърихи тамаддуни башарӣ бисёр халқҳо ва қавмҳои гуногун бинобар нигоҳ дошта натавонистани асолати худ бо халқҳову миллатҳои бузург ва тавонгар омехта, ҳастии забониву фарҳангии худро гум карда, оқибат аз байн рафтаанд. Барои эмин мондан аз ин хатар тафаккури солими миллиро инкишоф додан, дар муқобили ҳар гуна таҳдидҳои ҷаҳонӣ арзишҳои миллии худро ҳифз кардан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту оромии кишварро таъмин намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро баланд бардоштан аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсиву фарҳангии мардуми тоҷик мебошад.”
Амалӣ гаштани ин гуфтаҳо ин поя барои бунёди давлати воқеан соҳибистиқлолу мустақил, демократию ҳуқуқбунёд, дунявию ягона ва иҷтимоӣ мебошад, ки мақсади ягонаи Президенти кишвар ва тамоми мардуми тоҷик аст.
Мо ҳамагон шоҳидем, ки чи тавр давлати мо зина ба зина, қадам ба қадам душвориҳоро паси сар карда ба пеш рафт. Аз он замоне, ки таъмини аҳоли бо маводҳои хӯрока муҳимтарин масъала дар назди ҳукумати ҷумҳурӣ буд то имрӯз омада расидем, ки аз фаровонии неъмат чашм бо тамошо сер гашта ҷон ҳаловат мебарад. Ҳамаи ин бе заҳмат нест ва мо хуб медонем, ки барои имрӯза шароит ки меҳнат карда ранҷ кашида шабу рӯз талош кардааст.
Давоми ин 33 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муваффақиятҳое ноил гардид, ки дар ин муддати кӯтоҳ ба даст овардани онҳо дар ҳақиқат лоиқӣ таҳсин аст. Чунки дар шароите, ки Тоҷикистон дар аввали солҳои соҳибистиқлоли қарор дошт дар ин муддат расидан то ин зинаҳо кори осон набуда аз мардум аввал сарҷамъӣ ва баъдан боварию вафодориро ба роҳбари давлат талаб мекард. Маҳз сухану амалҳои боварибахши Сарвари давлатамон буд, ки халқро ба сарҷамъи оварда ба ояндаи нек бовари дод ва мардум ҳама муттаҳидона пайрави карданд.
Баргузории иҷлосияи тақдирсози миллӣ дар шаҳри Хуҷанд, интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пас аз ин зина ба зина иҷро шудани 74 адад Қарору Фармонҳои дар ин иҷлосияи тақдирсоз қабулгардида имкон доданд, ки давлати мо то имрӯз омада расад.
Дигар дастовардҳои ин даврон ба монанди қабули Конститутсия, интихоби нишон, панчам ва суруди миллӣ, интихобти Президент, имзо шудани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, фаъолияти маҷлиси дупалатагии намояндагӣ, аъзогӣ дар аксарияти ташкилотҳои байналхалқӣ, баста шудани шартномаҳои байнидавлатӣ вобаста ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодиёт, барқарор карда шудани муносибатҳои дипломатӣ дар ҳамаи самтҳои давлатдорӣ, эътироф кардани санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ, чор маротиба гузаронидани маъракаи сиёсии райпурсии умумихалқӣ, интихоботҳои вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохта ва ба истифода дода шудани ҳазорҳо иншоотҳои ҷамъиятӣ, кушодашавии роҳҳои пайвасткунандаи минтақаҳо, сохта ва ба истифода шудани ағбаҳо, бунёди иншоотҳои аҳамияти миллидошта, сохта ва истифода дода шудани неърӯгоҳҳои барқӣ ва таъмини истиқлолияти энергетикӣ дар қаламравӣ ҷумҳурӣ, эълон шудани солҳои бузургдошти гузаштагони алломаи миллат ба монанди Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Носири Хисрав, Имоми Аъзам, Мавлонои Румӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон, омӯзиши асарҳои таърихии онҳо, ҷашни 1100 солагии давлати Сомониён, 2500 солагии шаҳри Кӯлоб, шаҳри Истаравшан, эҳёи анаъаҳои миллӣ ва урфу одатҳои ниёгон, васеъ омӯзиш кардани таърихи баъзе аз минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз нав ба нашр расонидани китобҳои нодири адибони гузаштаи тоҷик, бо забони тоҷиқи тарҷума ва нашр шудани китоби Қуръон, тасдиқи барномаю стратегияҳои давлатӣ дар соҳаҳои муайян ва амалӣ гаштани онҳо, аз ҷумлаи дастовардҳои даврони истиқлолият мебошад.
Маънои фарҳангию вожагии калимаи “Истиқлолият”- ин мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар дар идораи сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худ мебошад. Аммо бо назардошти он, ки Истиқлолият ба миллати мо чиҳо бахшид гуфтан мумкин “Истиқлолият” дар худ ҳазор маънию ҳазор паҳлӯ дорад, ки он дар шодию хурсандии ҳар як сокини хурду калони кишвар ва ҳар қадами пешбарандаи онҳо таҷассум мегардад.
Баъди ҳазорсолаҳо ба мардуми мо бори дигар муяссар шуд, ки дубора мустақилият ба даст оварда Соҳибистиқлол гардад. Ин яъне доштани давлати худ ва соҳиби тамоми бурди бохти он будан аст. Истиқлолият ин худ меҳнат кардану неъмати худро сари дастархони худ гузоштан аст. Соҳиби давлат будан ин соҳиби ҳама чиз будан аст, соҳиби бахт, сарват, неъмат, асолат, обрӯ, ному насаб ва озодӣ, ки танҳо дар соҳибистиқлолӣ насиб мегардад.
Муовини якуми раиси
суди шаҳри Исфара Абдуллозода М.