Талаботи қонун бояд риоя шавад!

Суди шаҳри Исфара парвандаи ҳуқуқвайрокунии маъмуриро нисбат ба зани 43-сола К.Г.А. (миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, расман кор намекунад, оиладор соҳиби се фарзанд, сокини шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ)-ро моҳиятан дар мурофиаи маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода, муайян кард, ки номбурда  талаботи қисми 2 моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро вайрон намуда, санаи 17 марти соли 2024 тахминан соати 18:20 дақиқа дар ошхонаи “33”, воқеъ дар шаҳри Исфара, кӯчаи Б.Маҳкамов, маъракаи қудоталбон ва муборакбодиро бо даъвати зиёда аз 35-40 нафар меҳмонон бо оростани дастархон ва додани таом ташкил ва баргузор намудааст.

Шаҳрванд К.Г.А. бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ дар асоси ин модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи яксаду даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи ҳафт ҳазору нуҳсаду бист (7920) сомонӣ ба фоидаи давлат, таъин карда шуд.

М. С. Раҳмонзода,
судяи суди шаҳри Исфара.

С. Ш. Давронӣ,
пристави судии суди
шаҳри Исфара.