ТАЪИНОТ ОИД БА ОШКОРО СУПОРИДАНИ ДАЪВАТИ СУДӢ ВА ҲУҶҶАТҲОИ ЗАМИМАШУДА
Судяи суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд Маликзода Н.Ғ., санаи 9-уми августи соли 2024 маводи парвандаи оилавиро бо даъвои Туранова Гулбаҳор Ҷӯраевна нисбати Туранов Фарит Давронович бо талабот дар бораи бекор кардани ақди никоҳро мавриди омӯзиш қарор дода —
М У А Й Я Н К А Р Д:
Даъвогар Туранова Гулбаҳор Ҷӯраевна нисбати Туранов Фарит Давронович оиди бекор кардани ақди никоҳ, бо аризаи даъвогӣ ба суд муроҷиат намуда, аз суд хоҳиш намудааст, ки даъвояш қонеъ карда шавад.
Ҳангоми гузаронидани амалиётҳо вобаста ба омодасозии парванда ба муҳокимаи судӣ, супоридани даъватномаи судӣ ва аризаи даъвогӣ бо ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба ҷавобгар Туранов Фарит Давронович муайян карда шуд, ки номбурда дар ҷойи зисташ аз соли 1997 истиқомат намекардааст, ки ин ҳолат бо маълумотномаи раиси Ҷамоати деҳоти Нефтобод аз санаи 27-уми октябри соли 2023 таҳти № 216 тасдиқ меёбад. Аз ин хотир супоридани даъватномаи судӣ ба ҷавобгар Туранов Фарит Давронович муяссар нагардид.
Мувофики талаботи моддаи 121 КММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳалли воқеии истиқомати ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарномаи судӣ, ки қабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзил ё мақомоти худидоракунии маҳалли ҷойи охирини истиқомати ҷавобгар тасдиқ намудаанд, оид ба ошкоро супоридани даъватномаи судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ қабул мекунад.
Зимнан, судя ҳолатҳои дар боло овардашударо ба инобат гирифта, мувофиқи мақсад донист, ки аз сабаби номаълум будани маҳалли воқеъии зисти ҷавобгар Туранов Фарит Давронович ба ошкоро супоридани даъватномаи судӣ, аризаи даъвогӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда таъинот кабул намояд.
Бо дастрасии моддаи 121 Кодекси мурофиави мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, судя —
Т А Ъ И Н К А Р Д:
Ба ҷавобгар Туранов Фарит Давронович супоридани даъвати судӣ бо ҳуҷҷатҳои замимашуда оид ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Туранова Гулбаҳор Ҷӯраевна нисбати Туранов Фарит Давронович оиди бекор кардани ақди никоҳ, ошкоро эълон карда шавад.
Ба даъватномаи судӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима мегардад: нусхаи аризаи даъвогӣ бо ҳуҷҷатҳои замимашудааш дар ҳаҷми панҷ саҳифа.
Нусхаи таъинот аз рўзи қабул шуданаш дар ҷойи эълонҳои судӣ ва сомонаи суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд насбу нашр карда шавад ва пас аз гузаштани як моҳ аз рўзи насбу нашр шуданаш ба ҷавобгар Туранов Фарит Давронович ошкоро супоридашуда эътироф гардад.
Дар сурати баъд аз гузаштани як моҳ аз рўзи дар ҷойи эълонҳо насб шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба суд ҳозир нашудани ҷавобгар Туранов Фарит Давронович парвандаи оилавӣ бо даъвои Туранова Гулбаҳор Ҷӯраевна нисбати Туранов Фарит Давронович бо талабот дар бораи бекор кардани ақди никоҳ дар ғоибии ў баррасӣ карда шавад.
Баррасии парванда ба муддати як моҳ, яъне то санаи 10-уми сентябри соли 2024 мавқуф гузошта шавад.
Баррасии парванда ба рузи 10-уми сентябри соли 2024 соати 15-00 таъин карда шавад.
Аз рӯзи баррасии парванда даъвогар ба таври дахлдор огоҳонида шавад.
Судяи суди шаҳри Исфараи
вилояти Суғд Маликзода Н.Ғ.