Риоя накардани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Шаҳрванд Носиров Ф.Т. талаботи моддаи 14, сархати 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро санаи 7-уми августи соли 2021 ҳангоми гузаронидани маъракаи бақайдгирии ақди никоҳи фарзандаш аз панҷ адад воситаи нақлиёт истифода намудааст, вайрон намуда бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шударо содир намудааст, ки нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Носиров Ф.Т. худашро гунаҳгор наҳисобида ба суд баён кард, ки воситаи нақлиёти панҷум тасодуф ҳамроҳ шудааст.
Бо қарори судяи суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. аз санаи 26-уми августи соли 2021 ҳуқуқвайронкунанда носиров Ф.Т. бо моддаи 481 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ дар асоси ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6600 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намуда ба иҷро расонида шудааст.

Масъули сомонаи суд: Давронӣ С.Ш.