Риоя накардани қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон…

Шаҳрванд Бобоев Ҳ.Б. талаботи моддаи 13, қисми 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро санаи 27-уми декабри соли 2021 ҳангоми гузаронидани туйи арусию домодии фарзандаш ба меҳмонон маблағи пулӣ часпонидааст, вайрон намуда бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шударо содир намудааст, ки нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Бобоев Ҳ.Б. худашро гунаҳгор ҳисобида ба суд баён кард, ки дар ҳақиқат дар туйи арусию домодии фарзандаш ба меҳмонон маблағи пулӣ часпонидааст ва аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон мебошад.
Бо қарори судяи суди шаҳри Исфара Раҳмонзода М.С. аз санаи 17-уми январи соли 2023 ҳуқуқвайронкунанда Бобоев Ҳ.Б. бо моддаи 481 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ дар асоси ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи 110 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 7040 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намуда ба иҷро расонида шудааст.

Масъули сомонаи суд: Давронӣ С.Ш.