Пушаймонии модар…
Шаҳрванд Абдусамадова Ш.А. талаботи моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳти №762 аз 02.08.2011-ро вайрон намуда бо ин кирдораш ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шударо содир намудааст, ки мувофиқи он падару модар уҳдадоранд ба фарзанди то синни мактабӣ ва фарзанде, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо таҳсил мекунанд, бо худ овардан ва истифодаи телефонҳои мобилиро манъ намоянд.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Абдусамадова Ш.А. худашро гунаҳгор ҳисобида ба суд баён кард, ки ин ҳолат аз сабаби беаҳмиятии ӯ ба миён омадааст, ки дар ҳақиқат ӯ ӯҳдадориҳояшро дар тарбияи фарзанди ноболиғаш иҷро накардаааст, ки дар натиҷа фарзандаш ба муассисаи таълимӣ барои гирифтани таҳсил бо телефони мобилӣ ҳозир шудааст. Аз ин кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон мебошад.
Бо қарори судяи суди шаҳри Исфара Маликзода Н. Ғ. аз санаи 6-уми феврали соли 2023 ҳуқуқвайронкунанда Абдусамадова Ш.А. бо моддаи 90 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ дар асоси ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 204 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намуда ба иҷро расонида шудааст.
Масъули сомонаи суд: Давронӣ С.Ш.