Пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила
Таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, инсон ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҷавҳари Конститутсионии давлати ҳуқуқбунёди моро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки пешгирии зӯроварию хушунат дар оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз масъалҳои муҳим маҳсуб меёбад, ки ҳалли он дар маркази диққат ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Ба хотири решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб имрӯзҳо маҷмӯи қонунҳо ва чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ марвиди амал қарор доранд. Аз ҷумла, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 дар саросари кишвар мавриди татбиқ қарор дорад.
Давлат ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар фардро новобаста аз миллат, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва дороии он кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқ мебошанд.
Дар таърихи 19 марти соли 2013, №954 қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” қадами муҳимест дар ин самт, ки мақсади қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.
То имрӯз кормандони суди шаҳри Исфара бо сокинони шаҳру деҳот ва кормандони муассисаҳои таълимию тандурустӣ чандин мулоқоту вохӯриҳо гузаронида, дар рафти мулоқот вобаста ба пешгирии ҳолатҳои номатлуб, пӯшхӯрии оилаҳо, шомил шудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, нашъамандӣ, худкушӣ, зӯроварию хушунат дар оила ва монеъ шудан ба таҳсили фарзандон корҳои ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ мондаанд.
Бояд гуфт, ки амалҳои зӯроварӣ ва хушунат дар ҷомеаи мо имрӯзҳо дар шаклҳои мухталиф зоҳир мегарданд ва алайҳи он чораҳо андешида мешаванд.
Таҷриба муайян намуд, ки хушунат дар рӯзгори мардум аз қабили хушунати мардон нисбати занон-ҳамсарон, хушунати шавҳар нисбати келиндон, хушунати падарону бародарон нисбати духтарону хоҳарон ва дар баъзе ҳолатҳо хушунати калонсолон нисбат ба хурдсолон, яъне кӯдакон зоҳир мегардад. Нишондодҳои омории суди шаҳри Исфара нишон медиҳад, ки дар аксар мавридҳо занон ҷабрдидагони зӯроварӣ ва хушунат дар оила мебошанд.
Бояд гуфт, ки омода набудан ба оиладорӣ, набудани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират барои хушунат дар дар хонавода замина муҳайё мекунад. Доштани саводи қазоӣ ва одоби муошират чӣ барои духтарон ва чӣ барои писарон дар ҳаёти мустақилонаи минбаъдаи онҳо ҳамдигарфаҳмиро бо аъзоёни оилаи шавҳар ва ё зан, инчунин осудагии зиндагиро таъмин хоҳад кард. Мутассифона, имрӯз дар баъзе оилаҳо хушунат ва зӯроварӣ нисбати зан ва кӯдак ба “як қоидаи маъмулӣ” табдил ёфтааст. Бо истифода аз ҷисми қавӣ мардон зӯриву дағалиро истифода бурда, ҳамсари худро ҳатто дар пеши чашмони фарзандонашон зери мушту лагад қарор медиҳанд, ки ин ҳолатҳо дар хотираи кӯдак сабт мешавад ва дар оянда ба зиндагонии кӯдак заминаи хуб гузошта наметавонад.
Дар сурате, ки мард вазифадор аст оилаи хешро эҳтиром намояд, хушунат кардан нисбати занро раво надонад ва барои тарбияи фарзандони руҳану ҷисман солим фазои солимро муҳайё созад.
Бояд тазаккур дод, ки ободии Ватан аз ободии ҳар хонадону оила ибтидо мегирад ва ободии хонадон бошад аз фаросату маърифати оилавдории волидон сарчашма мегирад. Бинобар ин мо бояд кӯшиш намоем, ки оилаи солим, ки ба муҳаббати тарафайн асос ёфтааст, бунёд сохта, баҳри пойдору мустаҳкам мондани оила тамоми кӯшишамонро ба харҷ расонем. Чуноне, ки дар урфият мегӯянд: “Биҳишти мард дар ин дунё оилаи хуб аст” яъне ин гуфтаҳо маънои онро доранд, ки дар зиндагии ҳамсари шоду осуда зистан аз муҳимтарин рукнҳои зиндагии одамон аст.
Дар фарҳанги оиладории миллати тоҷик тарбияи фарзандон ва хушбахт будани онҳо меҳвари асосии оила ба ҳисоб меравад ва масъулияти аввалиндараҷаи падару модар дурусту баркамол ба воя расонидани фарзандон мебошад. Оилаи солим дар ҳолате ба ҷамъият нафъи худро расонида метавонад, ки ҳар узви оила бо фикру андешаҳои солими худ ба воя расида дар ҳар қадам барои пешрафти оила ва ҷомеа саҳмгузор бошанд. Яке аз сарчашмаҳои асосии бадбахтӣ дар оила ин зулм аст, хушунат аст, ки яке аз ҳамсарон бар дигаре раво мебинад. Хушунат ин зулми мудовим аст, ки пайваста инсонро зери панҷаи бераҳмонаи худ гирифта, яке аз болои дигаре онро амалӣ менамояд. Дар оилае, ки зулму хушунат ҳаст, дар он ҷо аз хушбахтӣ асаре намемонад. Бадбахтиаш дар он аст, ки агар зулм ба як нафар расонида шавад, ранҷи ӯро тамоми аъзои оила мекашанд. Мисол: агар шавҳар ҳамсари худро зери мушту лагад қарор диҳад, ин ҳолат сабабгори бадбахтии фарзандон мегардад. Аз ин озор ҳатто тамоми хешу табори онҳо низ азоби руҳӣ мекашанд. Яъне озори яке аз аъзои оила боиси зулму азоби як оилаи калон мегардад.
Ҳар як фард ба дахлнопазии шахсияти худ, озодӣ, бехатарӣ ва ҳамчунин ба ҳаёт ҳуқуқ дорад, ки дар он ба зӯроварӣ ҷой нест.
Пристави суд: Давронӣ С.Ш.