Оқибати саркашӣ аз аскарӣ

Сокини 20 солаи шаҳри Исфара, Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ А.С.С., ҳамчун даъватшаванда ба хизмати ҳарбӣ санаи 21 сентябри соли 2021 ба таври расмӣ даъватнома гирифта, ӯҳдадор мешавад, ки санаи 1-уми октябри соли 2021 ба комиссариати ҳарбии шаҳр ҳозир шавад. Аммо номбурда ба ҷои ин санаи 29 сентябри соли 2021 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафтааст.
Аз рўйи ин ҳодиса нисбати А.С.С. бо моддаи 343 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо тасдиқи фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардида, бо ҳукми суд номбурда гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ мувофиқи ин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 моҳу бист рӯз, бо адои ҷазо дар колоннияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда шуд.

РАҲМОНЗОДА М.С.,
судяи суди шаҳри Исфара.