Оқибати майдаавбошӣ
Суди шаҳри Исфара парвандаи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда Ш.Х.Ӯ. 16.09.1990 (соли таваллудаш 1990, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, расман кор намекунад, оиладор, соҳиби чор фарзанд, сокини Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ)-ро бо моддаи 460-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро, моҳиятан дар мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баррасӣ қарор дода, муайян кард, ки номбурда санаи 26-уми апрели соли равон, дар фарогирии соати 10:30 дақиқа ба ҷойи кори ҳамсараш Ш.Р., яъне беморхонаи марказии шаҳри Исфара рафта, нисбати ҳамсараш дар назди ҳозирбудагон суханони қабеҳ гуфта, якчанд маротиба ба таври таҳқиромез дарафтода, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудагии одамонро халалдор кардааст.
Шаҳрванд Ш.Х.Ӯ. бо моддаи 460-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати панҷ (5) шабонарўз таъин карда шуд.
Н. Ғ. Маликзода,
судяи суди шаҳри Исфара.
С. Ш. Давронӣ,
пристави судии суди
шаҳри Исфара.