Оқибати иҷро накардани ҳалномаи суд…

Шаҳрванд Рузиматова Дилноза Зарифовна ҳалномаи эътибори қонуни пайдонамудаи судро ба иҷро нарасонидааст, ки дар натиҷа нисбаташ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Рузиматова Дилноза Зарифовна худашро гунаҳгор ҳисобида ба суд баён кард, ки ин ҳолат аз сабаби беаҳмиятии ӯ ба миён омадааст, ки дар ҳақиқат ӯ ҳалномаи эътибори қонуни пайдонамудаи судро ба иҷро нарасонидааст. Аз ин кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон мебошад.
Бо қарори судяи суди шаҳри Исфара Раҳимзода А.А. аз санаи 15-уми сентябри соли 2021 ҳуқуқвайронкунанда Рузиматова Дилноза Зарифовна бо моддаи 530 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ дар асоси ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 180 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намуда ба иҷро расонида шудааст.

Масъули сомонаи суд: Давронӣ С.Ш.