НАҚШИ ТАНЗИМНАМОИИ КОНСТИТУТСИЯ
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ муносибатҳои мухталифи ҷамъиятиро танзим менамояд ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 6 –уми ноябри соли 1994 қабул карда шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи раъйпурсии умумихалқиро дар робита ба қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ифода намудаанд: «Рўзи 6 ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқўъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард».
Қайд намудан зарур аст, ки ҷараёни қабули конститутсияи давлати навини Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI –уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оѓоз ва то санаи баргузоршудани раъйпурсии умумихалқӣ доир ба қабул намудани конститутсия идома намуд.
Сарвари давлат Эмомлӣ Раҳмон дар аввалин баромадҳои худ қайд намуданд, ки ояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебинам. Бо қабул шудани Конститутсияи соли 1994 шакли расмии ифодаи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона насиби халқи азизи кишварамон гардид.
Дар иртибот ба нақш ва мавқеӣ конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки: «Конститутсия ба сифати қонуни олӣ заминаҳои ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро аз тариқи қабули қонунҳои нав гузошта, муносибатҳои ҷамъиятии мухталифро таҳти танзим қарор дода, асосҳои ҳуқуқии рушду такомули минбаъдаи чунин муносибатҳоро фароҳам меорад».
Ҳамин тариқ, Конститутсия санади меъёрии ҳуқуқии муҳимтарини давлату ҷомеа ва ифодакунандаи ҳамаи самтҳои фаъолияти давлат ва дигар институтҳои низоми сиёсии кишвар мебошад.
Дар илми ҳуқуқӣ зери мафҳуми Конститутсия чун анъана қонуни асосӣ фаҳмида мешавад. Конститутсия аз калимаи лотинии «constitutio» гирифта шуда, ба маънои сохтор, муқаррарот, яъне қонуни асосии давлат, санади меъёрии ҳуқуқии махсусе, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад, фаҳмида мешавад.
Дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, сохтори марзӣ — давлатӣ ва марзию маъмурӣ, сохтори ҷамъиятӣ, тартиби ташкил, шаклҳои фаъолият ва салоҳияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, асоси низоми сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии давлат, асосҳои вазъи ҳуқуқии давлат ва шахс, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо, ифодаи худро ёфтаанд.
Конститутсия ба маънои моддӣ маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки мақомоти олии давлат, тартиби ташаккулёбӣ ва фаъолияти онҳо, алоқа ва ваколатҳои онҳо ва инчунин муносибати ҳуқуқии фардро нисбат ба ҳокимияти давлатӣ муайян менамояд. Назарияи шартномаи ҷамъиятӣ конститутсияро ҳамчун шартнома байни аҳолӣ ва давлат муаррифӣ менамояд, ки дар он ҷо тартиби ташаккулёбии давлат ва муносибати тарафайн муайян карда мешавад.
Ҳамзамон, дар илми ҳуқуқ мафҳуми ҳуқуқӣ ва воқеии конститутсияро ҷудо менамоянд. Конститутсияи ҳуқуқӣ низоми меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки доираи муайяни муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамояд. Конститутсияи воқеиро муносибатҳои амалан вуҷуддоштаи ҷамъиятӣ ташкил медиҳад.
Конститутсия ҳуҷҷати таърихии дорои хусусияти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ буда, дар муқоиса бо давлат таърихи начандон тўлони дорад. Ҳанўз дар Рими қадим «конститутсио» мавриди истифода қарор дода дошт ва дар он ҳамчун санади сиёсии ҳуқуқӣ масъалаҳои марбут ба тартиби ворисии тахти шоҳӣ, масъалаҳои марзию давлатӣ ва тарзу усулҳои идоракунии давлат танзим шуда буданд. Ногуфта намонад, ки конститутсио на дар шакли як ҳуҷҷати алоҳида, балки дар якчанд санадҳои сиёсию ҳуқуқӣ ифода мешуд. Ба ҳамин шакл ва мазмун конститутсия дар асрҳои миёна дар баъзе аз кишварҳои Аврупо арзӣ вуҷуд намуда буд. Дар чунин шакл, яъне дар шакли маҷмўи санадҳо дар замони муосир низ дар баъзе аз кишварҳои мутараққӣ конститутсия вуҷуд дорад. Конститутсия ба маънои том ва дар шакли расмии муайяни муосир таърихан ҷавон мебошад.
Аввалин маротиба соли 1787 конститутсия дар шаклу мазмуни ҳозира дар ИМА бинобар ғалабаи инқилоби буржуазӣ — демократӣ қабул ва соли 1789 мавриди амал қарор дода шуд. Сипас ба ҳамин монанд конститутсия соли 1791 дар қитъаи Аврупо, аз ҷумла дар Полша ва Фаронса қабул карда шуд.
Гузариш ба низоми идораи конститутсионӣ дар асри ХIХ ба он оварда расонид, ки дар аксарияти давлатҳои Аврупо, Амрико ва баъзе аз давлатҳои қитъаи Осиё низ конститутсия қабул карда шуд.
Дар ҷаҳони муосир ҳанӯз ҳам давлатҳое арзи ҳастӣ менамоянд, ки конститутсияи навишта шуда, надоранд. Сабабҳои муайяни таърихӣ ва мафкуравӣ мамонияти муайянро дар ҷараёни таҳия намудани конститутсияи навишта дар баъзе аз ин давлатҳо эҷод намудааст. Аз ҷумлаи ин кишварҳо қабл аз ҳама Британияи Кабир, Шветсия, Зеландияи Нав, Исроил ва Норвегия мебошанд.
Ногуфта намонад, ки дар ин давлатҳо низ конститутсия ба маънои васеъ вуҷуд дошта, таъсири муайнро ба ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии ин кишварҳо мерасонад, вале на дар шакли анъанавии қонуни ягонаи давлат ва ҷомеа, балки дар шакли маҷмўӣ қонунҳои конститутсионӣ ҳар яки онҳо алоҳида-алоҳида масъалаҳои муҳимтарини сохтори ҷамъиятӣ ва давлатиро танзим менамоянд. Масалан, ҳоло дар шоҳигарии Шветсия чор санади асосии конститутсионӣ, аз қабили:
— Қонун “Дар бораи шакли идоракунӣ”;
— Қонун “Дар бораи тартиби меросгирии ҳокимияти олии давлатӣ”;
— Қонун “Дар бораи озодии матбуот”;
— Қонун “Дар бораи озодии сухан” амал менамояд.
Дар Британияи Кабир конститутсияи кодификатсиянашудаи иборат аз қонунҳо, амсолаҳо ва одатҳои конститутсионие, ки тартиби ташаккулёбӣ ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ, принсипҳои муносибати байни мақомотҳои давлатӣ ва инчунин муносибатҳои байни мақомотҳои давлатӣ ва шаҳрвандонро, муайян мекунанд вуҷуд дорад. Дар байни ин санадҳои конститутсионӣ пеш аз ҳама “Статутҳо” ҷойи асосиро ишғол менамоянд. Вобаста ба предмети танзинамои онҳоро ба санадҳои муайянкунандаи шакли идоракунӣ ва шакли сохти давлатӣ, тартиби ташаккулёбӣ ва ваколатҳои мақомоти олии қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ, вазъи ҳуқуқии шахс ҷудо менамоянд, аз ҷумла:
1. Санадҳои ҳуқуқии то садаи XX қабул шуда, аз ҷумла “Билл оид ба ҳуқуқ” (1689), “Хартияи бузурги озодӣ (1215) ва ҳ.
2. Санадҳои ҳуқуқии дар садаи XX қабул шуда, аз ҷумла: “Дар бораи парлмон” (1911, 1949), “Дар бораи Палатаи умумӣ” (1978); “Дар бораи намояндагии халқ” (1949, 1969, 1974, 1983, 1985, 1989, 2000); “Санади иммигратсионӣ” (1971) ва ҳ.
3. Санадҳои аз ҷониби ҳокимияти иҷроия қабул шуда ва ҳоказо.
Амсоли судӣ бештар барои танзим намудани масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд равона шудаанд. Одатҳои конститутсионӣ ба маънои пурра хусусияти санади меъёрии ҳуқуқиро надошта, ҳамчун одатҳои сиёсӣ боқӣ мемонанд. Назарияҳои ҳуқуқӣ ин корҳои илмии олимон-ҳуқуқшиносони барҷаста аз қабили Блэкстон, Бэджет, Мэй ва дигарон иборат мебошанд.
Конститутсия ҳамчун санади олӣ ва муҳимтарини сиёсию ҳуқуқӣ асоси бунёди ҳуқуқии ҷомеа ва давлат буда, ҳуҷҷати муттаҳидкунанда ва сафарбаркунандаи халқи кишвари дилхоҳ мебошад.
Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ заминаи қабул намудани Конститутсияи соли 1994 Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам омад. Дар он хусусиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муқаррар карда шудаанд.
Дар қисми 1 моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” омадааст, ки “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян мекунад”.
Судяи суди шаҳри Исфараи
вилояти Суғд
Маликзода Н.Ғ.
Пристави суди шаҳри Исфара
Давронӣ С.Ш.