Муҳокимаи парвандаи ҷиноятӣ бе иштироки судшаванда, қабули ҳукм ё таъиноти судӣ ба тариқи ғоибона
Бояд қайд намуд, ки мутобиқи принсипи қонунгузории мурофиаи ҷиноятӣ дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда ҳуқуқ доранд барои ҳимояи худ аз айбдоркунӣ ҳуқуқҳояшонро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи КМҶ ҶТ шахсан, инчунин тавассути ҳимоятгар ё намояндаи қонуниашон истифода баранд.
Суд, судя, вазифадоранд ба судшаванда ва маҳкумшуда ҳуқуқҳояшонро фаҳмонанд, ба онҳо имконият фароҳам оваранд, ки бо усул ва воситаҳои муқаррарнамудаи қонун худро ҳимоя кунанд.
Бояд тазаккур дод, ки мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, прокурор, муфаттиш ва таҳқиқбаранда ӯҳдадоранд чораҳои оперативию ҷустуҷуи ва тафтишотиро ҷиҳати муайян намудани ҷойи воқеияти гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда, дастгир намудан, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон овардани онҳо андешанд. Ҳамзамон сабабҳои объективие ҷой доранд, ки дастгир намудан ва ба Тоҷикистон овардани баъзе аз шахсони зикргардида ғариимкон аст. Аз ҷумла гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда баъд аз содир кардани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин дар мамлакатҳое пинҳон мешаванд, ки Тоҷикистон бо он давлат шартномаи дутарафаи байнидавлатӣ дар бораи додани ҷинояткоронро ба имзо нарасонидааст. Инчунин дар баъзе маврид давлате, ки дар он гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда пинҳон шудааст, бо баҳонаи гуногун аз додани онҳо ба Тоҷикистон худдорӣ мекунанд. Иловаи қисми 5 ба моддаи 239 ва тағйиру иловаҳо дар моддаи 241 таври истисно ба муфаттиш ҳуқуқ медиҳанд, аз рӯи парванда оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки айбдоршаванда берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад, дар бораи анҷоми тафтиши пешакӣ ҳимоятгари айбдоршавандаро огоҳ ва парвандаи ҷиноятиро барои шинос шудан ба ӯ пешниҳод намояд.
Дар ин маврид мӯҳлатеро, ки барои шинос шудани айбдоршаванда ва ҳимоятгари ӯ бо парванда зарур аст, маҳдуд намекунад. Агар айбдоршаванда ё ҳимоятгари ӯ мӯҳлати муайянро, ки барои шинос шудан бо парванда беасос кашол диҳанд, муфаттиш ва прокурор ҳуқуқ доранд, бо қарор асосноки худ мӯҳлати муайянро, ки барои шинос шудан бо парванда кифоя аст, муқаррар намояд. Дар акси ҳол мӯҳлати шиносшавӣ анҷомёфта ҳисобида мешавад. Яъне муфаттиш тафтишоти пешакиро хотимаёфта эълон мекунад ва парвандаи ҷиноятиро бо фикри айбдоркунӣ ба прокурор пешниҳод менамояд.
Мувофиқи иловае, ки ба моддаи 248 қисми 1 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудааст, прокурор ё муовини ў парвандаи аз муфаттиш бо фикри айбдоркунӣ воридшударо баррасӣ намуда, дар ҳолатҳои истисноӣ аз рўи парванда оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки айбдоршаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишот саркашӣ мекунад‚ фикри айбдоркуниро тасдиқ карда, парвандаро ба суд бо дархост оид ба гузаронидани мурофиаи судӣ дар ғоибии судшаванда ирсол менамояд.
Гарчанде қонунгузор чунин меъёрро пешбини намуда бошад ҳам, аммо масъалаи баррасии дархости прокурор оид ба гузаронидани мурофиаи судӣ дар ғоибии судшаванда ва доир ба он қабул намудани қарорро дар КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян накардааст, ки албатта таҳлили қонуниро талаб менамояд.
Мутобиқи муқаррароти моддаи 280 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парванда дар маҷлиси суди марҳилаи якум ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда бо иштироки ҳатмии судшаванда мегузарад. Ҳангоми ҳозир набудани судшаванда баррасии парванда бояд мавқуф гузошта шавад.
Суд, судя ҳуқуқ доранд судшавандаи бе сабабҳои узрнок ҳозирнашударо маҷбуран оранд, нисбати ў чораи пешгириро татбиқ намоянд ё онро тағйир диҳанд.
Ҳангоми саркашӣ намудани судшавандаи таҳти ҳабс қарордошта аз ҳозир шудан ба маҷлиси суд суд, судя ҳуқуқ доранд парвандаро дар ғоибии ў ва бо иштироки ҳатмии ҳимоятгар баррасӣ намоянд.
Муқараррароти қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷинояткорони махсусан хавфнок, роҳбарон ва аъзои гуруҳҳои муташакили трансмиллӣ дар ҷумҳурӣ ҷиноятӣ вазнин ё махсусан вазнин бо расонидани зарари моддӣ ба маблағи махсусан калон ва ба шумораи зиёди одамон содир намоянд ва дар ҳудуди дигар давлатҳо пинҳон шаванд, ки парвандаҳои чунин шахсон солҳо боздошт ва беҳаракат мехобид. Агар нисбат ба онҳо кофтукови байналмиллӣ эълон шуда, ба мақомотҳои дахлдор дархост ирсол мешуд ҳам аксаран бенатиҷа мемонд. Бо ин сабаб бисёр шаҳвандон муддати тӯлонӣ зарари аз ҷиноят ба онҳо расонидашударо рӯёнида наметавонистанд. Яъне муқаррарори зикргардидаи Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонист адолати иҷтимоиро таъмин намояд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июли соли 2016 таҳти №1333 бо мақсади аз байн бурдани чунин мушкилот таҳия ва қабул шудааст, ба моддаи 280-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои 4 ва 5 илова гардида, ба суд имконият дод, ки дар ҳолатҳои истисноӣ парвандаро оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бе иштироки судшавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозиршавӣ ба муҳокимаи судӣ саркашӣ мекунад, баррасӣ намояд, агар ин шахс дар ҳудуди давлати хориҷӣ бо ҳамин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошад.
Қисми 4-уми моддаи мазкур духурагии фаҳмиши онро ба миён меорад, ки бешубҳа метавонад ба тафсири нодурусти он дар баъзе ҳолатҳо оварда расонад. Қонун дар тавсияи номувофиқ қабул карда шудааст ва бо баъзе эзоҳот онро бо чунин маъно фаҳмидан мумкин аст, ки ин истисно аз қоидаи умумӣ танҳо ба ҳолатҳое, таалуқ дошта метавонад, ки агар судшаванда берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз даъвати суд саркашӣ менамояд. Аммо ҷудо кардани ҷумлаҳо бо аломати вергул, имконият медиҳад, ки тавсияи мазкур инчунин ба ҳолатҳое паҳн гардад, ки агар шахси дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда низ аз даъвати суд саркашӣ намояд, ки ин моҳиятан соҳаи амали ин қоидаро васеъ менамояд. Яъне тарзи хондани меъёри мазкур бо аломати вергул мазмуни онро тағйир медиҳад. Чунки дар ин ҳолат мазмуни он чунин мешавад: “дар ҳолатҳои истисноӣ парвандаро оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бе иштироки судшавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозиршавӣ ба муҳокимаи судӣ саркашӣ мекунад, баррасӣ намояд, агар ин шахс дар ҳудуди давлати хориҷӣ бо ҳамин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошад”.
Вале таҳлили мантиқии ин меъёри кодекс, ки истеҳсолоти ғоибонаро иҷозат медиҳад, имкони онро медиҳад, ки он нисбати шахси дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда паҳн намегардад, чунки ибораи оянда “агар ин шахс дар ҳудуди давлати хориҷӣ бо ҳамин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошад” танҳо ба шахсони берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дахл дошта метавонад.
Агар ин меъёр бо истифода аз пайвандаки “ва” хонда шавад, пас таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ ягон мушкилӣ ба миён намеояд: “Дар ҳолатҳои истисноӣ парвандаро оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бе иштироки судшавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва аз ҳозиршавӣ ба муҳокимаи судӣ саркашӣ мекунад, баррасӣ намояд, агар ин шахс дар ҳудуди давлати хориҷӣ бо ҳамин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошад.
Бинобар он, ки қонунбарорӣ аз нуқтаи назари техникаи баён нодир мебошад бояд мазмуни мантиқии маъёри қисми 4 моддаи 280 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки на танҳо таҳлили қонунӣ, балки таҳлили грамматикиро талаб менамояд, дуруст ба роҳ монда шавад.
Дар қоидаи боло зикршуда 5 шарти асосии баррасии парванда бе иштироки судшаванда пешбинӣ шудааст:
-истисноияти ҳолат;
-ҷой доштани парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятӣ дарҷаи вазнин ва махсусан вазнин;
-берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани судшаванда;
-саркашӣ аз даъвати суд;
-ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудани шахс дар ҳудуди давлати хориҷа вобаста ба ҳамин парванда;
Инҷо саволе ба миён меояд: Кадом шахс метавонад ба ҷавобгарии ҷиноятӣ дар ҳудуди давлати хориҷа вобаста ба ҳамин парванда кашида шавад. Ба парвандае, ки дар истеҳсолоти суди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад?
Танҳо ҳамон шахсоне, ки дар моддаи 15-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд: шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматкунанда, шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматнакунанда, барои ҷинояти берун аз ҳудуди Тоҷикистон бар зидди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят содир карда бошад, ҳамчунин ҷинояте содир карда бошад, ки меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда ё меъёрҳои муқарарнамудаи қарордод ё созишномаҳои байнидавлатӣ пешбинӣ намудаанд.
Васеъ ва оммавӣ ба тариқи мурофиаи ғоибона баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятии категорияи ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки нисбати судшавандаҳо кофтукови ҷиноятӣ эълон шудааст хавфи онро дорад, ки ҳуқуқҳои тибқи қонун муқараршудаи судшавандаҳо вобаста ба ҳимяо вайрон мешавад. Зеро судшавандаҳо аз ҳуқуқҳои мурофиавии шахсан иштирок намудан дар муҳокимаи судӣ, пешниҳоди нишондод ба суд, изҳори норозигӣ нисбати айби эълоншуда ва пешниҳод намудани дархосту раддия маҳрум мешаванд.
Ғоибона баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ ба тариқи истисноӣ дар ҳолатҳое иҷозат дода шуданаш лозим аст, ки агар дар ҳақиқат баррасии чунин қабил парвандаҳо барои пешгирӣ ва муқобилият намудан ба терроризму ифротгароӣ равона шуда бошад.
Суд метавонад парвандаҳои ҷиноятиро дар ғоибии судшаванда на танҳо нисбати шахсони барои содир намудани ҷинояти дорои хислати террористидошта айбдор дониста шуда, балки нисбати ҳама шахсони ба категорияи ҷиноятҳои дараҷаи вазнин ва махсусан вазнин айбдор донисташудае, ки аз даъвати суд саркашӣ мекунанд баррасӣ намоянд.
Имконияти маҳкумкунии ғоибонаи шахсони ба ҷинояти хусусити ифротгароӣ ва терроризм гунаҳгор донисташудае, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун мебошанд ё аз даъвати суд саркашӣ мекунанд, дар ин маврид ҳукми суд оид ба маҳкумкунии шахси содиркардаи ҷинояти терроризм ё дигар ҷинояти вазнин мақоми дархостро дар бораи супоридани чунин ашхос, дар ҳолати берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани онҳо, баланд мебардорад.
Натиҷаи истеҳсолоти ғоибона ҳамавақт ҳукми айбдоркунӣ (ҳамчун баланд бардоштани зарурияти дархост оид ба супоридани шахс) мебошад.
Истеҳсолоти ғоибона ба ҳама парвандаҳои ҷиноятии категорияи муайян паҳн мегардад, натанҳо нисбати шахси содиркардаи ҷинояти терроризм.
Ҳангоми баррасии парванда оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бе иштироки судшавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад таваккалияти ғайриқонунӣ маҳкум намудан ва баровардани ҳукм нисбати шахси фавтида ҷой дорад.
Аз ин сабаб судро зарур аст, ки ҳангоми эътироф намудани ҳолатҳои истисноӣ барои баррасӣ намудани парванда оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бе иштироки судшавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозиршавӣ ба муҳокимаи судӣ саркашӣ мекунад, ба таваккалият роҳ надиҳанд.
Илова ба моддаи 280 КМҶ ҶТ воридшуда муқаррар мекунад, ки дар сурати аз байн рафтани ҳолатҳои истисноии дар қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда, яъне ба Тоҷикистон баргаштани маҳкумшуда ҳукм ё таъиноти судие, ки ғоибона қабул карда шудааст, бо дархости маҳкумшуда ё ҳимоятгари ў мумкин аст, ба тариқи пешбурд дар марҳилаи назоратӣ бекор карда шавад. Дар ин сурат муҳокимаи судӣ бо тартиби умумӣ гузаронида мешавад. Яъне баррасии нави парванда шурӯъ мегардад.
Ҳамин тариқ амалияи ғоибона нисбат ба чунин шахсон ва баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятии категорияи мазкур истифода мешавад.
Сардори шӯъбаи коргузорӣ: Исозода П.А.