Меҳри Ватан аз ҳама болост.

«Мо дар куҷое набошем, дар кадом ҷабҳае заҳмат накашем, бояд лаҳзае фаромӯш насозем, ки мо тоҷикем ва як сарзамин, як Ватан, як забон, як давлат ва як модар дорем, ки номаш Тоҷикистон аст.»

Эмомалӣ Раҳмон

 

Санаи 9 сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолият ба даст оварда мустақил гардид. Аз ин санаи таърихие, ки сарнавишти миллати моро дигар кард 33 сол сипари шуд.

Давоми 33 сол аст, ки ҳамасола дар ҷашни ин Иди бузург, Ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагон дар бораи таърихи он ва дастовардҳои ин даврон сухан мекунанд. Фикру андешаҳои худро дар ин пиромун баён мекунанд ва васфи онро тараннум мекунанд. Барои ҳамин имрӯз ман мехоҳам дар арафаи таҷлили ин Ид танҳо дар хусуси меҳри Ватан ва вафодорӣ ба Ватан сухан кунам.

Бузарге фармудааст, ки: “Дар Ватан будаи дур аз ёди Ватан буда ватандор нест, дур аз Ватан будаи дар ёди Ватан буда ватандор аст.” Расидан ба умқи маънии ин гуфтаҳо барои он нафаре муяссар мегардад, ки воқеан ҳам Ватани худро дӯст медорад ва меҳрашро аз ҳама боло медонад. Чи дар канори Ватан ва чи аз Ватан дур меҳр дар қалби мо макон дорад, ки ҳамеша бо мост. Ҳар амали нек аз муҳаббат ва муҳаббат аз дилҳо меояд, ки ҳамаи хатарҳоро шикаст медиҳад.

Ҳар инсон бо баробари ба дунё омадан дар рӯи замин барои худ нақшеро касб мекунад, ки чи гуна бозидани он аз идроки комилу дарки дурусти ӯ вобастагӣ дорад. Васфи Ватанро бо сухан гуфта ба охир расонидан номумкин аст. Чунки меҳри Ватан бе аввалу беохираст. Аз он замоне, ки инсоният худро шинохт ӯ аввал меҳри зодгоҳу муҳаббати Ватанро шинохт.

Бузургони гузаштаи миллати тоҷик дар ашъору асарҳои худ меҳру муҳаббати Ватан, хоки Ватан ва обу гили онро чунин самимона тасвиру васф кардаанд, ки баҳо надоранд. То имрӯз бо баробари хондани онҳо ҳар як хонандаю шунаванда ба ваҷҳ меояд ва кас бо як ҳисси алам аз рӯзгори онҳо ёдовар мешавад, ки меҳри Ватану пазмонии хоки диёр чи қадар таъсирбахш будааст.

Онҳо сухан бо номи Ватан оғоз карда машҳури тамоми дунё гаштаанд. Ба ҳурмати хоки Ватан ва ҳифзи он ҷонбозиҳо кардаанд. Баҳри вафодори ба Ватан аз ҳар чи дар зиндагонӣ ширинаст гузашт кардаанд. Воқеан боиси аҳсану таъзиманд онҳое, ки баҳри ободию амонии Ватан тани худ сипар карда Ватани худро нигоҳ доштанд.

Ҳамаи ин барои мо ҷавонон як дарси ибрат аст то донем, ки шахси беватан шахси беҳама чиз аст. Он касе, ки ба Ватани худ меҳр надорад ӯ ҳич чи надорад ва мисли соя ҳастӣ мекунад. Чунки Ватан ин хуну аслу насабу номусу ҳастии мост. Ватан ин амнтарин макон барои ҳар як инсон дар рӯи заминаст. Барои ҳамин Ватанро модар мегӯянд. Зеро чун оғӯши модар гарму амон аст, ки тамоми дунё арзишашро надорад. Ватан азиз модар азиз, чунки ҳарду барои фарзандон арзи ҳастӣ мекунанду фарзандон бо онҳо зиндаанд.

Ободии Ватан аз сарҷамъии мост, сарҷамъии мо аз меҳру муҳаббати Ватан аст. Барои ҳамаи тоҷикони рӯи дунё Иди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад.

Ҳамеша бо Ватан ва барои Ватан бошед!

Котиби мачлиси судӣ:                            Сатторова Нигора.