Мавқеъи зан дар ҷомеа.
Зиндагӣ зебост, аммо зеби ин дунё зан аст,
Машали оинадору шамъи мафҳилҳо зан аст.
Зан олиҳаест,ки дар садафи ӯ қимматтарин марворидҳои башар таҳияву такмил ёфтаанд. Чи қадар бобати бузургии зан ва мақому манзалати ӯ дар ҷомеа сухан гуем, ҳамон қадар кам аст.
Хушбахтона Президенти кишварамон барои дастгирии занҳо ва баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеа талош варзида, дар баромадҳои худ борҳо таъкид намудаанд. Баҳри баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа ва ҷалб намудани занону духтарони лаёқатманд дар корҳои роҳбарикуннада як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву барномаҳои давлатӣ ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2005 “Дар бораи кафолати давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амали гардонии онҳо”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба баланд бардоштани нақшу мақоми зан барои солҳои 1998-2005”, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ”, Қарори Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон аз 08-уми августи соли 2001 дар бораи Барномаи давлатии “Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010”, Барномаи давлатии “Тарбия, интихоб ва ҷобоҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016” ва ғайраҳо қабул карда шудааст. Қабул гардидани ин қонунҳо нишонаи баланд гардидани мақоми зан дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа ва баланд гардидани сатҳи маърифатнокии занон гардидааст.
Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода шавад.
Инчунин Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар паёми соли 2021 қайд намуданд, ки занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баланд ихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.
Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.
Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.
Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.
Бо ин мақсад, ба Кумитаи кор бо занон ва оила супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати мамлакатро дар бораи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030» ва нақшаи амалисозии онро барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва пешниҳод намояд.
Дар навбати худ мо ҷавонон духтарон ин сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро дастгири намуда, ҳамаи кӯшиш ва талошҳои худро барои ободонии диёри азази худ ва ба амал баровардани адолати судӣ сарфа менамоем.
Котиби маљлиси судӣ: Шаҳобзода Зарнигор Идрис