Маросими мавлудхонӣ…

Шаҳрванд Ӯлмасова С.Н. санаи 25-уми январи соли 2021 соати 12:00 дар манзили истиқоматиаш маросими мавлудхониро бо иштироки 12 нафар меҳмонон, бо пешниҳоди як намуд таом гузаронидааст, ки ин хилофи талаботи моддаи 13 сархати 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳисоб меравад.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Ӯлмасова С.Н. худашро гунаҳгор ҳисобида ба суд баён кард, ки дар ҳақиқатан санаи 25-уми январи соли 2021 соати 12:00 дар манзили истиқоматиаш маросими мавлудхониро бо иштироки 12 нафар меҳмонон, бо пешниҳоди як намуд таом гузаронидааст.
Бо қарори судяи Суди шаҳри Исфара Абдуллозода М. аз санаи 1-уми феврали соли 2021 ҳуқуқвайронкунанда Ӯлмасова С.Н. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ дар асоси ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намудааст.

Масъули сомонаи суд: Давронӣ С.Ш.