Маъракаи муборакбодӣ…
Шаҳрванд Юлдошев К.Д. санаи 10-уми январи соли 2021 дар манзили истиқоматиаш маъракаи муборакбодиро ба муносибати баргузории тӯйи домодию арӯсии фарзандаш Каримзода М. ташкил намуда, ба меҳмонон зиёфат ороста, бо пешниҳоди як намуд таом гузаронидааст, ки ин хилофи талаботи моддаи 2-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба ҳисоб меравад.
Дар мурофиаи судӣ ҳуқуқвайронкунанда Юлдошев К.Д. худашро гунаҳгор ҳисобида ба суд баён кард, ки дар ҳақиқатан санаи 10-уми январи соли 2021 дар манзили истиқоматиаш маъракаи муборакбодиро ба муносибати баргузории тӯйи домодию арӯсии фарзандаш Каримзода М. ташкил намуда, ба меҳмонон зиёфат ороста, бо пешниҳоди як намуд таом гузаронидааст.
Бо қарори судяи Суди шаҳри Исфара Раҳимзода А.А. аз санаи 22-юми январи соли 2021 ҳуқуқвайронкунанда Юлдошев К.Д. бо моддаи 481 қисми 1 Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда ба ӯ дар асоси ин модда ҷазои ҷарима ба андозаи сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 6000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Қарори суд эътибори қонунӣ пайдо намуда, ба иҷро расонида шудааст.
Масъули сомонаи суд: Давронӣ С.Ш.