Инъикоси сарнавишти мо дар оинаи Конститутсия

Яке аз муҳимтарин воқеаи таърихии давлати соҳибистиқлоли мо — Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин санаро мардуми шарифи тоҷик бо шукӯҳу шаҳомати нотакрор таҷлил менамоянд. Ин ҷашн модари дигар ҷашнҳост, зеро масъалаҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, қонунгузории кишвар бе такя ба Конститутсия арзи ҳастӣ карда наметавонад. Ҳар ҳарфи Конститутсия шабеҳи ойинаест, ки инъикоси сарнавишти моро дорад. Беҳуда Конститутсияро бахтномаи миллат намегўянд, зеро ин санад бахти сафеди миллати тоҷикро фароҳам меорад. Конститутсия шиносномаи миллати тоҷик ва яке аз рукнҳои муқаддасоти давлати мо маҳсуб меёбад, эҳтиром ва риояи он барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҳам фарз асту ҳам қарз Риояи он рў ба рўи ҳар яки мо пайроҳаеро мекушояд, ки он ба сўи қуллаи муроду бахт мебарад. Ҳар як сатри Конститутсия шабеҳи офтоб ба зиндагии мо нур бахшида боиси тараққӣ ва рушду камол ёфтани ҷомеа мегардад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул шуда буд, аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ баҳои баландро сазовор гардида, яке аз комилтарин сарқонунҳо дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ шудааст. Ногуфта намонад, ки шиносномаи ин ё он миллат ё кишвар Конститутсияи он аст ва муносибатҳои кишварҳои оламро ба ин ё он кишвар Конститутсияи он муайян менамояд. Муносибатҳои густурдаи байналмилалие, ки давлати мо бо дигар мамолик дорад, далели саҳеҳи эътирофи қонуни асосии мо аз ҷониби онҳо мебошад. Нақши Конститутсия ҳамчун санади ифодакунанда ва ҷавобгўйи орзуву ормонҳои халқи тоҷик бисёр бузург мебошад. Бинобар ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Такмили Конститутсия ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои Истиқлолият, мустаҳкам гардидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрўву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам қадамҳои устувор гузорем «.

Тағйиру иловаҳое, ки соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, ба талаботи замону шароити иқтисодиву иҷтимоии мардуми тоҷик тавъам аст.

Тамоми қонунҳо ва санадҳое, ки барои соҳаи маориф таҳия ва қабул мегарданд, такя ба Конститутсияи кишвар доранд, тибқи моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва мувофиқи қобилият дар асоси озмун таълими миёнаи махсус ва олии бепулро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад».
Фаъолияти ҳамаи таълимгоҳҳои кишвари мо, новобаста аз шакли моликияташон тибқи қонунгузории соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан дар асоси моддаи мазкури Конститусияи кишвар ба роҳ монда шудааст.

М.АБДУЛЛОЗОДА,
Муовини якуми раиси суди шаҳри Исфара.

ШОҒУФРОНЗОДА С.Д.
Пристави судии суди шаҳри Ифара