ҲИДОЯТГАР — ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Аксари давлатҳои дунё рӯзи Президент, Рӯзи Сарвари давлатро ботантана таҷлил мекунанд. Ин амал боиси афзудани эҳсоси садоқат ба роҳбари олии мамлакат мегардад. Таҷрибаи миллии давлатдорӣ дар Тоҷикистон собит менамояд, ки кишвари мо тӯли 32 соли истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи суннатҳо ва анъанаҳои миллии давлатдорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки дар маҷмуъ барои муаррифӣ намудани тоҷикон ҳамчун миллати соҳибдавлату соҳибтамаддун ва дорои тафаккури давлатдорӣ мусоидат мекунад.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ як силсила таҳаввулоте ба вуҷуд омаданд, ки онҳо мустақиман ба фаъолияти сиёсиву роҳбарии Пешвои миллат иртибот дошта, барои фаъолнокии сиёсии шаҳрвандон, шинохти ҷойгоҳи давлати тоҷикон дар ҷаҳони муосир, тағйири ҳувият ва эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ғайра таъсири мустақим расониданд. Муҳимтарин тағйирот ин тағйир ва таҳкими ҳуввияти миллӣ буд. Аҳамияти ин раванд дар он зоҳир мегардад, ки дар 70 соли дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ будани кишвар кандашавӣ аз асли худ ба назар расид ва дар замони соҳибистиқлолӣ эҳёи онҳо шуруъ гардид.
Имрӯзҳо дар Тоҷикистон таҳкими арзишҳо ва рамзҳои миллӣ, инчунин аслҳои ҳувияту худшиносии миллӣ ба назар мерасад. Тағйироти ҳувияти замони истиқлолро метавон дар шакли зерин имаънидод кард:
Якум, эҳёи суннат ва анъанаҳои миллӣ сурат гирифт. Дар замони шӯравӣ таҷлил намудани идҳои миллӣ ва динӣ, аз қабили Наврӯз ва идҳои Рамазону Қурбон ғайриимкон буд. Ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кишварамон ин идҳо ботантана таҷлил гардиданд. Минбаъд бо қабули санади ҳуқуқӣ рӯзҳои идҳои номбурда чун рӯзҳои истироҳат ҳукми қонунро гирифтанд.
Дуюм, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ шуруъ гардида, соли 1999 дар тамоми қаламрави кишвар 1100-солагии Давлати Сомониён таҷлил карда шуд ва дар майдони марказии шаҳри Душанбе пайкараи асосгузори Давлати Сомониён — шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохт.
Сеюм, таҷлили солгарди як қатор шахсиятҳои илмӣ, фарҳангӣ ва динии тоҷикон сурат гирифт, ки дар эҷоди ҳувияти муосири шаҳрвандон таъсири мусбат расонд ва худшиносии миллиро дар ҷомеа густариш дод.
Чорум, забони тоҷикӣ ҳамчун забони коргузории давлатӣ ба амалияи васеъ даромад.
Ҳамин тавр, бобати эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, мавқеи устувор пайдо кардани забони ширину шевои тоҷикӣ Президенти кишвар — Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон саҳми шоиставу арзанда гузоштанд. Дар Рӯзи Президент ба хотир овардани азму талошҳои ин фарзанди барӯманди миллат дар роҳи бунёди Тоҷикистони навин, ки сол аз сол ободтару обрӯмандтар гардида истодааст, айни муддаост.
Нигина ФАРҲОДЗОДА,
судяи суди шаҳри Исфара.